Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилоят

7 декабри соли равон дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилоят доир гашт, ки дар он Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, футболбозон ва мураббиёни дастаҳои футболи вилоят, собиқадорони варзиш, соҳибкорон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими мутантани ҷоизасупорӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол дар вилоят ҳарф зад.

- Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, аз ҷумла варзиш рушду нумӯъ ёфта, мардуми тоҷик ба музаффариятҳои зиёд ноил гардид. Дар ин радиф, рушди ҳамаҷонибаи варзиш, обутоби ҷисмонии ҷавонон, хоса наврасону кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ривоҷ ёфтани ҳамаи намудҳои тарбияи ҷисмонӣ, махсусан футбол дар меҳвари таваҷҷӯҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Ташкили даҳҳо варзишгоҳҳо ва майдончаҳои нави варзишӣ, таъсисёбии дастаҳои сершумори футбол аз ҳисоби ҷавонону наврасон дар шаҳру ноҳияҳо, дастгирии молиявӣ ва ҳавасмандгардонии бозингарони дастаҳои касбии футбол тайи солҳои охир шаҳодати ҳамкории судманди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва Федератсияи футболи вилоят ба ҳисоб меравад, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Боиси зикр аст, ки соли 2018 барои футболи тоҷик пурбарор буд, зеро дастаи мунтахаби футболбозони навраси мамлакат, таҳти сарпарастии бевоситаи Федерасияи футболи Тоҷикистон, хоса президенти Федератсия мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ  пас аз музаффарият ва ишғоли зинаи дуюм дар чемпионати Осиё, ки дар Малайзия доир гашт,  ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз ҷониби наврасони кишвар тантанавор парафшон сохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни мамлакатҳои бузурги минтақаи Осиё боз ҳам афзун намуд.

Қобили зикр аст, ки соли равон барои дастаҳои футболи вилоят низ соли пурбарор буд. Дастаи “Хуҷанд” дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ сазовори ҷои дуюм гашт, ҳайати ҷавонони даста бошад, пас аз мудати тулонӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқоти Лигаи якум бошад, дастаи “Истаравшан” маҳорати баланд нишон дода, ғолибиятро ба даст овард ва ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.

Ҳамчунин, дастаи “Эсхата” дар  мусобиқоти мазкур тавассути маҳорати баланди бозингаронаш зинаи дуюмро ишғол намуд.

Дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистион байни дастаҳои Лигаи дуюм аз вилояти мо 12 даста иштирок намуда, дастаҳои “Мастчоҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ, “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ва “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен ғолиби давр гардиданд.

Ҳамзамон, имсол дастаи “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен соҳиби Ҷоми вилоят ва дастаи “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон соҳиби Ҷоми Раиси вилоят гардиданд.

Дастаи наврасони вилоят дар мусобиқаи байналхалқӣ барои дарёфти Ҷоми водии Фарғона, ки дар шаҳри Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, бар ҳарифони худ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолиб омада, соҳиби Ҷом гардид.

- Роҳбарияти вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар радифи дигар корҳои ободониву созандагӣ барои рушди минбаъдаи ҳамаи намудҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, аз ҷумла футбол шароити мусоидро таъмин намояд. Дар назар аст, ки то ин ҷашни бузурги миллӣ бо ҷалби маблағ аз ҳисоби сарчашмаҳои мухталиф беш аз 412 иншооти варзиш, аз ҷумла толори варзиш, варзишгоҳ ва майдону майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки ин тӯҳфаи муносибе ба варзишгарону ҳаводорони варзиш хоҳад буд, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Дилшод Ҷӯраев – ноиби президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар чорабинӣ сухан ронда, аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла футбол ҳарф зад. Мавсуф саҳми варзишгарони вилоятро дар дастовардҳои соҳа, бахусус футбол шоиста арзёбӣ намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба дастаҳои ғолиб, мураббиёну футболбозон Ҷоиза ва мукофотҳои Федератсияи футболи вилояти Суғд тақдим гардид. Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса зам намуд.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 



Add comment


Security code
Refresh