Бунёди варзишгоҳи нав

 

 

 

Бо ташаббуси омӯзгорони муассиса, кумитаи падару модарон, шахсони саховатпешаву  соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ дар назди муассисаи таълимии №20 - деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич варзишгоҳ бунёд гардид. Варзишгоҳ барои футболу волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, дорои 280 ҷойи нишаст бо болопӯш аст.

Бояд қайд намуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин варзишгоҳ шароити таълим ва тарбияи ҷисмонии хонандагон беҳтар гардида, барои машғулият имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh