МАҚСАДИ МУСОБИҚА - ДӮСТИЮ РАФОҚАТ

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузории чорабиниҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оғоз гардида, варзишгарон аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз (байни бонувон), футбол байни наврасон, шоҳмот, муштзанӣ, гӯштини камарбандӣ, волейбол (байни бонувон), гӯштини миллии гӯштингирӣ, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ (трек), шиноварӣ, картинг ва тирпарронӣ давоми рӯзҳои баргузории мусобиқа ҳунари варзишии худро намоиш хоҳанд дод.

14-уми май варзишгоҳи «Спартак» - и шаҳри Хуҷанд пур аз тамошобину мухлис буд. Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2002 барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят бо иштироки варзишгарони Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Тоҷикистон оғоз гардида, он давоми 4 рӯз идома хоҳад ёфт.

Мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фирдавс Фахриддинзода мақсади баргузории мусобиқаро пеш аз ҳама, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, дарёфти истеъдодҳои нав, шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо варзишгарони кишварҳои бо мо дӯсту бародар арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки давоми чаҳор рӯзи баргузории мусобиқа беш аз 100 нафар варзишгар бо ҳам сабқат хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа аз вазни варзишгарони 49 килограмм оғоз шуда, Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар даври аввал Арслон Аъзамов, Азиз Нуртуллоев ва Шавкат Ахмедов, муаррифи намуданд.

Муштзани ӯзбекистонӣ Арслон Аъзамов дар даври аввал бар рақиби худ ғолиб омада, шарафи кишвари худро боло бардошт. Варзишгар ғолибияташро на дар боқуввату пурзӯр ва муштзан будани хеш, балки дар дӯстию рафоқати байни кишварҳо маънидод намуд. Зиёда аз ин ободию зебогии шаҳри Хуҷанд ӯро мафтун гардонидааст.

Fаниҷон Юсуфов сармураббии варзишгарони ӯзбекистонӣ иброз дошт, ки дар мусобиқа 10 нафар то даври охирин сабқат хоҳанд кард.

- Тӯли чаҳор - панҷ сол аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоем. Муштзанон то кунун дар мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми ба номи Исмоил Ҳамзаалиев иштирок мекарданд. Боиси хурсандист, ки Хуҷандшаҳрро аз пештара дида зебову дилрабо дарёфтем. Дар рӯзҳои фориғ аз мусобиқа ният дорем, ки сайри мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби шаҳр намоем. Зиёда аз ин меҳмондӯстии мардум эҳтироми моро нисбат ба халқи тоҷик афзуд, - қайд кард Fаниҷон Юсуфов.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh