ҶОМИ КФО: 19 июн дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-Душанбе миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд

19 июн бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегарданд.

Дар ин рӯз дар Варзишгоҳи ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и маркази вилояти Суғд дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаи футболи «Дордой»-и Қирғизистон дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон бозӣ мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh