Ифтитоҳи ду толори варзишӣ дар шаҳри Конибодом

Рӯзи 2 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Конибодом дар маросими баистифодадиҳии ду толори варзишӣ ширкат варзид.

Яке аз ин толорҳои варзишӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Конибодом ҷойгир буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Тўлқунбой Деҳқонов бо харҷи 400 000 сомонӣ сохта шудааст. Бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав беш аз 500 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хуб ба варзиш машғул шаванд.

Толори дигари варзишӣ дар дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44-и шаҳр ҷойгир аст ва он бо харҷи 350 000 сомонӣ бунёд гардидааст. Барои бунёди толори мазкур, ки аз он беш аз 250 нафар хонандагони муассисаи таълимӣ истифода мебаранд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва волидайни хонандагону  соҳибкорон маблағ ҷудо намудаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи иншоот ва суҳбат бо насли наврас аз онҳо даъват намуд, ки дар баробари таҳсили хубу намунавӣ ҳамзамон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул гардида, барои солимии худ аз шароити мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh