Хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш беҳтар мешавад?!

Бобати бемаданиятиву муомилаи дағали бархе аз ронандагони нақлиёти мусофиркашон сокинон борҳо бо истифода аз васоити ахбори оммаи вилоятӣ, аз ҷумла рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ибрози назар намуданд. Аксари гуфтаҳову эродҳои сокинон нисбат ба маданияту фарҳанги хизматрасонии ронандагони нақлиёти мусофиркашон дурусту бамавқеъ аст.

 Банда низ ҳамарўза ба ҷойи кор тавассути нақлиёти мусофиркаш равуо дорам ва аз муаммоҳои ин соҳа ба хубӣ огоҳ ҳастам. Дар ин раванд мехостем, бори дигар ба муаммоҳои ҷойдоштаи соҳа рўй оварда, андешаи мусофиронеро, ки аз бемасъулиятии бархе аз ронандагон норизо ҳастанд, рўи чоп оварам. Бовар дорам, масъулин барои рафъи камбудиҳо чораҷўӣ менамоянд.

«Худам шоҳу табъам вазир»

Теъдоде аз сокинон зимни муроҷиат ба рўзнома аз фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ибрози тааҷҷуб ва нигаронӣ карда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда дархосту пешниҳодҳои худро ирсол доштаанд:

Аз ҷумла, донишҷў Камол Сафаров бо шикоят аз фаъолияти мусофирбарҳои хатсайри № 116, 8«а», 26, 41 «а»,52 ва 9 «а» гуфт, ки “аксарияти масъулини ин хатсайрҳо вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд! Ронандагон то он дараҷа аз худ рафтаанд, ки кай хоҳанд ба кор мебароянду як низому реҷаи мушаххас надоранд. Чанд маротиба ба масъулини Ҷамъияти саҳҳомии «Сорбон», «Газелтранс» тариқи телефонӣ муроҷиат намудем. Ба ғайр аз ибораи «онҳо нақлиёти шахсианд, мо огоҳӣ додем» ягон гапи дигар нашунидем. Лекин аҳвол ҳамоно якранг аст. Аз ин бармеояд, ки онҳо аз рўи мақоли «Худам шоҳу таъбам вазир» фаъолият доранд.

Хатсайри № 41 куҷо ғайб зад?

Шоҳона Каримова - сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров изҳор дошт, ки шурўъ аз моҳи сентябри соли 2014 хатсайри нави № 41 (Ёва-Автодром) мушкилкушои мардум гардид. Шоҳона дар коргоҳе фаъолият мебарад, ки аз роҳи ин хатсайр мегузараду минбаъд метавонад, бе хавотирӣ ба кор биравад. Аммо, моҳе нагузашта ба қавле «тарбуз аз бағал афтод». Зеро интизориаш дар истгоҳи наздикии хона то 20-25 дақиқа мегузараду аз нақлиёти мусофирбари хатсайри «41» дараке нест. Аз ронандаи яке аз ин хатсайрҳо пурсон шудем, ки муддати ба роҳ баромадани байни ҳар мусофиркаш чанд аст? Ҷавоб дод, ки байни ба роҳ баромадани мусофиркашҳо даҳ дақиқа мебошад. Агар чунин бошад, дар истгоҳ аз 25 дақиқа зиёд мунтазир шудани мусофирон чӣ маъно дошта бошад?

-Муносибату сифати хизматрасонии дигар ронандагони нақлиёти хатсайрҳои мусофирбар низ беҳбудиро мехоҳад. Баъзе аз ронандагон бо асабоният бо мусофирон дағалона рафтор намуда, чӣ тавре хоҳанд, яъне гўё мусобиқа карда истода бошанд, тез меронанд, қоидаҳои ҳаракати роҳро дидаву дониста вайрон ва ҳолати садамавиро ба миён меоранд, ки бо ин ҳаёти худу атрофиёнро дар хатар мегузоранд,- мегўяд, корманди як муассисаи давлатӣ Ў.Олимова.

- Рўзҳои нахустини моҳи декабр, ки ҳаво сард гашта барф ҳам борид, чун ҳарвақта пас аз кор ҳамроҳи ҳамкорон ба кўча баромада, нақлиёти мусофиркашро интизор шудем, вале новобаста аз кадом самт буданаш кам ба назар мерасид. Аз оғози фасли сармо вазъ чунин бошад, дар хунукиҳои баъдӣ ҳолат чигуна мешуда бошад?! - арз дошт,- омўзгор С. Мавлонова.

«Талабот нест, дида мебароем…»

- Мо чанд сол боз дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунем. Бинобар набудани нақлиёти мусофиркаш аз ҳамин самт ба самти маҳаллаҳои 20-28-ум азият мекашем. Ба болотари маҳалла баромада (истгоҳи «Дўстӣ Амирхон») хатсайри 52-ро интизор мешавем, ки он аксар вақт нест, ё биёяд ҳам алакай аз шаҳраки Палос пуродам меояд. Ба масъулин борҳо муроҷиат кардаем, ба ғайр аз «талабот нест, дида мебароем» дигар ягон гапи навро нашунидем. Умуман ҳангоми нақшаи хатсайрҳоро мураттабу тасдиқ кардан масъулин бештар манфиати киро андеша мекарда бошанд, талаботи мусофирон ё ронандагони нақлиёти мусофирбарро...? - бо таассуф изҳори нигаронӣ карданд чанде аз сокинони маҳалла.

-Тарафи дигари масъала ин аст, ки – мегўяд М.Ҳалимзода, - ронандагони нақлиёти мусофиркашон бо вуҷуди он, ки чунин истгоҳҳои замонавии обод дорем, маҳз дар масофаи дуртар аз он таваққуф менамоянд. Суоле ба миён меояд, ки пас рисолати ин истгоҳҳо дар чист? Масалан, гирем истгоҳи марказии «Универмаг»-ро. Чанд сол муқаддам махсус барои беҳтар намудани вазъи ободониву зебоии симои шаҳр, шаҳрдорону масъулин иқдом пеш гирифтанд, то ки барои сокинонро аз фасли гармову сармо эмин доштан, чунин истгоҳҳои барҳаво бунёд намоянд. Аммо имрўз шоҳид ҳастем, ки нақлиёти хатсайрҳои мусофиркашон дар назди гузаргоҳҳои зеризаминӣ истода мусофиронро аз ҳамон ҷо мегиранд ва масъулин онро нодида мегиранд.

Рўзе чун ҳарвақта аз паси супоришоти идоравӣ ба воситаи нақлиёти мусофиркаш мерафтам. Чун нақлиёт дар наздикии истгоҳи мазкур бозистод, корманди БДА-и шаҳр бо тезӣ омада, рақами давлатии онро барканд, аз ронанда ҳуҷҷатҳояшро талаб карда, худ сўи нақлиёти шахсиаш, ки дар истгоҳ (!) меистод, раҳсипор гардид. Вақте ронанда низ ҳуҷҷатҳояшро гирифта, ба наздаш ҳозир шуд, давоми 20 дақиқа (!) санад тартиб дод. Баъзе аз мусофирон хушнудона изҳор доштанд, ки мақомоти дахлдор дар самти ҳифзу тартибот корҳоро ҷоннок кардаасту вазъият беҳтар мешавад.

Бале, мо, шаҳрвандон ҷонибдорем, ки тартибот барқарор гардад, ки ин ба манфиати ҳамагон аст. Вале аз ҷониби дигар оё ин амалҳои нозири роҳ худ қоидавайронкунӣ нест? Оё аз рўи қонун аст, ки вақти қиммати мусофиронро беҳуда гирифта, 20 дақиқа санаду протокол тартиб дода, ба ронанда танбеҳ диҳад...

Дар ин бобат аз намояндаи БДА-и вилоят Диловар Ализода пурсон шудам. Дар посух ў қайд намуд, ки нозир мебоист ҳуҷҷатҳои ронандаро гирифта, баъди мусофиронро ба манзили буду бош расонида, баргаштанаш ронандаро ҷарима кунад ё огоҳӣ диҳад.

Ҳадафи ин гуфтаҳо, танҳо ба масъулин расонидани вазъи имрўзаи соҳаи нақлиёт ва мусоидат ба рафъи муаммоҳои ҷойдошта мебошад.

Масъалаҳои ҳалталаби соҳаи наклиёти мусофиркаш марбут аст ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва рақобатнокии нақлиёти истифодаи умум, кам кардани анбўҳи нақлиёт дар хатсайрҳо, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ки ин вазъияти ҷойдошта, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Маъмурахон САМАДОВА
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh