Вазнин аст ҳолати роҳ

-Дар соли 2014 эълон шудани «Соли роҳҳои обод» маро шод гардонд. Зеро роҳҳои мошингард ва одамгузар таъмир мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Қариб аксар роҳҳои вилоят мумфарш ва таъмиру тармим гардид. Акнун ҳам барои пиёдагардон ва ҳам барои истифодабарандагони нақлиёт вазъият беҳ гардид.

 Гумон кардам, ки роҳи мошингарди мавзеи Учбоғ ҳам таъмир мешаваду оҳи сокинони ин мавзеъ боло мегардад. Лекин…

Як шиносам арўс фароварду ба дидорбинӣ ба ин деҳаи хушманзара омадам. Аммо он бегоҳ ба ҳавлии истиқоматиам дер расидам, зеро дар роҳ автобус вайрон шуд. То расидани автобуси дигар тақрибан 1 соат интизор шудем. Роҳҳои фар-судашудаву вайрона боиси бо суръати суст ҳаракат кардани во-ситаҳои нақлиёт мегарданд. Роҳҳои деҳа то дараҷае харобанд, ки ҳатто нақлиёти дучарха бо азоб роҳ меёбад.

Баробари вайрон будани роҳҳои мошингард автобусҳои бо ин роҳ ҳаракаткунанда низ дар ҳоли табоҳанд. Автобусҳо ҳанўз аз даврони Шўравӣ мондаанду қариб ҳар рўз вайрон мешаванд. Дар ин ҳолат ҳатто, аз савор шудан ба автобус тарс доштам, ки баногоҳ дар роҳҳои харобу вайронаи деҳа чаппа нашаванд.

Дар деҳа ба ҷуз як-ду дўкончаи наздиҳавлигӣ ягон мағозаи хўрокворӣ дида намешавад. Дар як соат як автобус меояду мардум барои харидани хўрокворӣ ба шаҳри Хуҷанд мераванд.

Деҳаи Учбоғ аз маркази ноҳияи Бобоҷон Fафуров тақрибан 40 километр дур аст. Вале чунин гумон меравад, ки гўё 400 километр дур бошад. Аҳолии ин мавзеъ аз ҳисоби тақсим намудани заминҳои наздиҳавлигӣ торафт меафзояд. Аҳолӣ борҳо бо ин масъала ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд, аммо натиҷае нест. Ман меҳмон будаму танҳо як рўз аз вазъи ноободи роҳ азият кашидам. Аҳсант ба мардуми деҳа, ки солҳои сол гарду чанги роҳи ноободро фурў мебаранду шиквае надоранд. То кай дар чунин ҳолат умр ба сар мебурда бошем?

Маҳфуза ШОМУРОДОВА

Add comment


Security code
Refresh