Сиёҳпўшӣ ба хотири чӣ?!

Занҳои тоҷик дар ҷаҳон бо зебоӣ, латофат, шарму ҳаё ва аз бар кардани либосҳои миллии шинам машҳуранд. Маҳз занҳои баору номуси мо-тоҷиконро бо ҳамин хусусияти хосашон эҳтиром мекунанд.Вазифа ва мақсади ҳар Зан-Модар, пеш аз ҳама, тавлиди фарзанд, онҳоро хуб тарбия намудан, ба роҳи рост ҳидоят кардану ба атрофиён шодӣ ва нишот овардан аст. Баробари ин бо дастгириву ғамхории Сарвари давлат мақоми зан дар ҷомеа боло бардошта шудааст.

 Имрўз зан омўзгор, табиб, муҳандис, роҳбар, иқтисодчӣ аст, ки паҳлу ба паҳлуи мардон истода, фаъолияти кориашонро пеш мебаранд.

Мутаассифона, баъзе занҳои мо вазифаи аввалиндараҷаи худро фаромўш карда, аз пайи иҷрои дигар корҳо мешаванд. Аниқтараш, аз соддагӣ ва ё камсаводӣ бошад, ки шефтаи суханҳои шахсони иғвогар мегарданд.

Мо дар кишвари озод зиндагӣ мекунем. Дар давлате умр ба сар мебарем, ки сулҳро бо хунрезиҳои зиёд, аз даст додани ҷавонмардони шуҷою кўдакону модарони бегуноҳ ба даст овардааст. Ба ин суханон онҳое сарфаҳм мераванд, ки машаққати ҷангро чашидаанду дўстони худро аз даст додаанд. Мақсад ва ҳадафи давлат дигарбора, ҳатто, ҳарфи ҷангро нашунидану маҳз бо мардумаш осуда зистан аст.

Чанд сол пеш, аниқтараш, 10-15 сол қабл бо пиразане сўҳбат доштам, ки он лаҳза аз наздамон зани ҳиҷоби сиёҳпўшида гузашт. Ин зан сару рўяшро низ бо матои сиёҳ руст карда буд. Пиразани бо ман сўҳбатдошта аз дидани ин зан авзояш беҷо шуд, табъаш хира гашт. Сабаб пурсам, ҷавоб дод, ки чунин либоспўшӣ давлату миллатро ба фано мебарад. Чунин сиёҳпўшӣ хосияти хуб надорад. Аз сухани пиразан ҳайрон гаштам, вале ба мўҳтавояш сарфаҳм намерафтам.

Бо гузашти солҳо ҳаёти мардум ранги дигар гирифт. Мардум ба зиндагии боз хубтар сазовор гаштанд. Имрўз ҷойи кор дарёфтан мумкин. Ба донишгоҳ дохил шудан аз рўи дониш сурат мегирад. Соҳибкорию тиҷорат рушд мекунад. Ин, албатта, бо роҳнамоию хирадмандии Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардум амалӣ мешавад.

Вале, бо вуҷуди чунин пешравию дастовард ҳастанд нафароне, ки бо амали беақлонаи худ боис мешаванд, то нисбати онон давлат чора андешад.

Ба ҳамагон маълум, ки имрўз дар шаҳр, кўча ва хиёбон занҳои либоси сиёҳпўшида кам нестанд. Ба ин нафарон маротибаҳои зиёд фаҳмондаанд, ки ин моли халқи тоҷик нест ва пўшидани он зарурат ҳам надорад. Вале ин фаҳмондадиҳиҳо шояд ба онҳо асар намекунад, ки аз корашон даст намекашанд. Баръакс, ин занҳо бо суханҳои воҳимаангезашон дигар занҳои камдонишро водор мекунанд, ки гўё сатр гиранд, он вақт дохили ҷаннат мешаванд.

Ҳоло кор ба дараҷае расидааст, ки мардуми давлатҳои Аврупо занҳои сиёҳпўшро ҳамчун террорист мешиносанд. Гумон мекунанд, ки бо ин либоси сиёҳашон ба давлат хатар меоранд.

Шукр, ки мо озодона зиндагӣ мекунем, ин неъматро бояд қадр кард! Чаро чунин занҳо аз азобу уқубат гузаштани Тоҷикистонро неву ким-кадом сухани чаламуллою бибиотунҳоро авло дониста, онро байни мардум паҳн мекунанд?!

Зани тоҷикро ҳеҷ кас ба либоспўшӣ маҳдуд накардааст. Либоси миллии шинам ва дигар либосҳои аврупоие, ки дар қолаби махсус дўхта шудаанд, ҳусни онҳоро боз ҳам зеботар мекунад. Пас, чӣ ҳоҷат аз бар кардани либоси дигар давлату байни мардум ангуштнамо шудан?! Мо, ҷавонон мехоҳем, ки дар давлатамон пеш аз ҳама, сулҳ пойдор бошад. Бигузор, занҳои мо ҳамеша озод бошанду ба давлат ёр гарданд.

Таҳмина АЮБОВА,
шаҳри Хуҷанд

Comments   

 
0 #1 Либосшинос 2015-05-27 14:15
Як оиди либоси кутохи Аврупои хам сухан мекардед, ки тамоми бадани занро намоен мекунад.
Quote
 

Add comment


Security code
Refresh