“Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош”

Масъалаи муҳиме, ки ҳалли пурраашро наёфтааст, танзими ҷашну маросимҳост

Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи ҷонии ҷавонони мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрўз ҷомеа дар давраи пешрафт қарор дорад. Мо метавонем, масъалаеро ба миён гузорему ҳалли онро ёбем. Ҳоло сари масъалае андешаронӣ мекунем, ки марбут ба расму оинҳост. Амалӣ шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раванди зиндагии мо таъсири назаррас мегузорад.

Қонунро танҳо барои сабт кардан дар ҳуҷҷатҳо ба тасвиб намерасонанд, балки бо татбиқи амалии онҳо иҷроишашро таъмин менамоянд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки то имрўз ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст, ин танзими ҷашну маросимҳост, хусусан бо баҳонаи хатнасур гузарондани домодталабон бо иштироки мардуми бисёр.

Пеш аз қабули қонун гўё дар байни мардум рақобат ё ки «мусобиқа» барои бодабдаба гузаронидани тўйҳо вуҷуд дошт. Яке мехост, тўяш беҳтар гузарад, дигаре кўшиш мекард, аз он боз беҳтар бошад. Ҳангоме мо дар ин бора мешунавему мебинем, фикр мекунем, ки оё ҳама аз як гиребон сар бароварда бошанд? Аммо дар асл чунин нест. Набояд фаромўш сохт, ки панҷ панҷа баробар нест. Ёд надорам, ки мардуми оддӣ талош варзида бошанд, то маросимҳояшонро дар сатҳи баланд гузаронанд. Баъд аз қабули ин қонун аксарият ақида доранд, ки бо сабаби камхарҷ гардидани тўйҳо ба буҷаи оилавӣ маблағи муайян мемонад. Бигзор, ин тавр бошад. Аммо боре наандешидаем, ки 8 сол муқаддам нархи маҳсулот дар бозор чӣ қадар буду имрўз дар кадом сатҳ қарор дорад? Бояд қайд кард, ки мо танҳо анъанаҳоро аз байн бурда истодаем, на сарфакориро ба миён мегузорем. Бо баҳонаи тўйи хатнасур имрўз барои гузаронидани домодталабон фарзанди ягон хонаводаашонро гўё тўй карда мегузаронанд, ҳол он ки домодталабон бояд дар доираи хешовандон барпо шавад.

Бигзор, мо рахти хоби кўдакона ва тўҳфаҳои қиматбаҳо барои тўйи набера набарему ҳамон анъанаҳои пешинро давом диҳем. Бояд чорае ҷуст, ки анъанаҳоро аз байн набарем, балки хароҷотро кам кунем. Тақлидро як тараф гузорему аз рўи имконият ва салоҳдиди худамон кор кунем. Тўй боиси шодиву нишот бошад, на сабаби қарздориву мушкилсозии ҳаёту рўзгор.

Тавре аз маълумоти нўҳмоҳаи бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бармеояд, дар ин муддат равияҳои ташвишовар, амалҳои нав бо номи «Келинсалом», «Домодталабон» бо вонамуд намудани хатнасур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳукми анъана даромадааст, ки баъди ба итмом расидани маросими тўй дар хонаи домод бо иштироки ҳофизон базми алоҳидаи серхарҷ идома ёфта, тақдимкунии тўҳфаҳои гаронбаҳо, аз қабили зару зевар, тилловорӣ ва ҷавоҳирот ба чашм мерасанд ва эҳтимолияти оқибати ногувор ва таассубовари оммавиро дорад.

Дар давоми нўҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рафти санҷиш се ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар тўйхонаи «Шоҳин»-и Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян карда шудааст, ки адвокати ваколатдор, сокини ноҳияи мазкур Акмал Ҷумъаев хатнасури фарзанди ноболиғашро бар хилофи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби зиёда аз 140 нафар меҳмонон гузаронидааст. Соҳибмулки тўйхонаи зикршуда Каримов Муҳиддинҷон бошад, талаботи қонунро дағалона вайрон намуда, ба Акмал Ҷумъаев барои бо теъдоди зиёди меҳмонон гузаронидани хатнасури фарзандаш иҷозат додааст.

Сокини Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Насрулло Рустамов низ дар манзили истиқоматиаш бар хилофи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳи вонамуд сохтани хатнасур маросими домодталабонро бо теъдоди зиёди меҳмонон гузаронидааст.

Санаи 13 сентябри соли равон дар қаҳвахонаи “Фирдавс» ва санаи 19 сентябр дар тўйхонаи «Истироҳат”-и шаҳри Хуҷанд гузаронидани маъракаи васеи хатнасур якҷоя бо маъракаи келинсалом ва домодталабон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ошкор гардидааст. Муайян шудааст, ки рўзи 28 августи соли 2015 сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Фирўз Комилов, Рустамхўҷа Юсуфов ва Холиқов Фурқат бо дағалона вайрон намудани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тўйи домодталабон ва арўсбинонро бо вонамуд кардани хатнасур бо иштироки зиёда аз 100 нафар меҳмонон дар тўйхонаҳои «Тоҷикистон», «Анситу» ва Маҷмааи фароғатии “Суғд”-и шаҳри Хуҷанд баргузор намудаанд.

Агар кор дар байни сокинони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва биноҳои истиқоматӣ тибқи талабот ба роҳ монда мешуд, мардум идрок менамуданд, ки қонун маҳз баҳри беҳтар кардани шароити рўзгори онҳо қабул гаштааст, шояд қонуншиканиҳо камтар рух медоданд ва пеши роҳи онҳо низ гирифта мешуд.

Шаҳноза Ҳомидова,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh