АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!!

Ҳафтаи сипаришуда, бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкори дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА  дар шаҳри Варшава нишасти анъанави, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёси ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрванди дар кишварҳо баргузор мешавад анҷом ёфт.

 

Дар ин нишаст дар баробари кишварҳои дигар аз ҷониби Тоҷикистон низ ашхоси расмию ҳолдон, мутахассисони таҷрибадида ва муассисони созмону ташкилотҳои ҷамъияти иштирок намуда, аз раванди фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъияти ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёси маълумот пешниҳод намуданд.  

Моҳиятан ин нишасти таоруфи барои иддае аз иштирокдорон муаррифии амалкарди кишварашон, вазъи фаъолияташон дар кишвари иќомат дар як соли сипаришуда ва дурнамои фаъолияташон дар солҳои оянда бошад, аммо барои иддаи дигар ин навъ ҳамоишот минбари ҳисобот додан бар моликону сармоягузорони худ ва майдони ҳузуру намоиши худ дар ҷомеа мебошад.

Аслан афроде, ки аз нишасту ҳамоишоти САҲА ба ҳайси минбари намоишии худ истифода менамоянд, гурўҳу нафароне мебошанд, ки дар кишварҳои дигар бо ҷурмҳои гуногун, аз ќабили таҷовус ба номус, хиёнат ба Ватан, ќочоќи маводи мухаддир, ќатлу куштори инсонҳо ва ё бо ҷурми фасади моли муттаҳам мешаванд, вале бо дастгирии доираҳои манфиатдор фаъолиятҳои худро ҷанбаи сиёси, фарҳанги, ҳизби ва гуманитари бахшида, дар ин ё он кишвар ва аксаран дар давлатҳои аврупои паноҳгоҳ мегиранд ва дар як сол як маротиба дар ин навъ нишастҳо иштироки густарда намуда, шахси худро ҳамчун ҷабрдида нишон медиҳанд. Ва аксаран талош мекунанд, ки дар ин чанд рўз аз худ «фаъоли сиёси», «пешвои дини», «роҳбари ҳизби», «адвакат», «рўзноманигор», «нависанда», «шореҳ» ва чандин тахассуси дигар бисозанд ва худро ҳамчун опозитсия муаррифи созанд.

Агар ҳамоиши мазкурро аз диди таҳлил масъалагузори намоем суолҳое пайдо мешаванд, ки посух пайдо намудан ба онҳо лозим ва ҳатми мешавад, ки яке аз онҳо ин аст: Барои кишварҳои аврупои чи лозим аст, ки ҷинояткоронро дар кишвари худ паноҳгоҳ бидиҳанд, онҳоро сарпарасти намоянд ва аз онҳо ҳимоят намоянд? Таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки аз нигоҳи нишондодҳои таърихи кишварҳои аврупои ҷонибдори намудан аз дуздону ќаллобон, ҳаннотону садрўяҳо ва ҷинояткорони ашадиро як усули таърихии худ дар муносибатҳои давлатдори ва сиёсатҳои фароминтаќави медонанд. Ва ин фирќаи ҷиноятпеша яке аз авлавитҳои онҳо дар сиёсатҳои минтаќавияшон мебошад.

Ба бовари аврупоиҳо дуздону ҷинояткорон яке аз тоифае ҳастанд, ки баъд аз муаммову мушкилоти зиёд ва пайгириҳои ќонуни аз пушташон дар зиндаги чизе ҷуз зинда мондан ва озод будан намехоҳанд. Ва ин фирќаи ҷиноятпеша бо баҳои зиндагии худ ба ҳама кор омода ҳастанд. Ҳатто агар ба ќатли модари худ бошад. Зеро онҳо мадюн ҳастанд. Таърих ҳам собит намудааст, ки ин муносибат дар сиёсатҳои Наполеон, Мусаллини ва Фитлер бараъло намоён буда, онҳо аз ҷинояткорон дастаҳои махсуси таблиѓотию ташвиќоти омода менамуданд. Масалан таъсис намудани «Фронти Туркистон» дар замони Гитлер, ки ҳадафи аслии он ба даст овардани афкори мардумони Осиёи Маркази дар набарди бузург маҳсуб мешуд.

Ин тарзи муносибат ҳоло дар сафи неруҳои ДОИШ дида мешавад, ки аз миёни афроди мутааллиќ ба кишварҳои Осиёи Миёна дастаи мусаллаҳи Хуросон бунёд шудааст.

Бо нигоҳдоштани афроди ҷиноятпешае, ки дар Тоҷикистон бо ҷурмҳои сангин ва ҳатто терроризм мутаҳам мешаванд фарз меравад, ки Аврупо дар садади барангехтани ҷангу низоъ дар Тоҷикистон мебошад. Зеро ҷонибдори аз ҷиноятпеша, баробар ба ҷиноят аст, ки имрўз аврупоиҳо бо пуштибони аз ҷинояткорони фирори худро дар сафи ҷинояткорон ќарор додаанд.  

 

Аслиддин Шарипов, рӯзноманигор

 

Add comment


Security code
Refresh