Иброҳим Усмонов: Мо тоҷикем, забонамон тоҷикист!

Иброҳим Усмонов: Мо тоҷикем, забонамон тоҷикист!


 

Профессор Иброҳим Усмонов, яке аз муборизони забон ва худшиносии тоҷикӣ 71 сола шуд. Номбурда ҳамчун муҳаққиқи таърихи матбуот ва ҷараёнҳои мухталифи журналистика ба ҷомеаи маданӣ роҳ ёфта, чун ходими давлативу сиёсӣ маъруф шуд ва ҳоло ҳамчун муборизи забон ва худшиносии тоҷикӣ дар саргаҳи расонаҳо қарор дорад. 

Иброҳим Усмонов 10 сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунёо мадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва соли 1971 шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм мекунад.

Фаъолияти кориро дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Соли 1976 аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов ба анҷом расонида ва худи ҳамон сол рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад.

Аз соли 1981 то 1984 дар Донишгоҳи шаҳри Кобул фаъолият мекунад. Соли 1988 декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар соли 1993 муовини раис ва сипас раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин мегардад.

Солҳои 1995-1996 Мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ буда, аз соли 1995 то 2000 намояндаи мардум дар парлумон, раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва маданият буд.

Дар давраҳои музокароти сулҳи тоҷикон фаъолона иштирок кардааст ва аз моҳи июли соли 1997 то соли 2000 вазифаи раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба ӯҳда дошт.

Аз 6 январи соли 2004 то декабри соли 2006 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2009 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид.

Иброҳим Усмонов солҳои охир бо пажӯҳишҳои тоҷикшиносии худ маъруф буда, зиддӣ форсӣ номидани забони тоҷикӣ ва эронӣ унвон кардани миллати тоҷик аст. Ин ақидаи Усмонов боиси бархурдҳои шадид шудаанд.

Ҳамчунин, Усмонов нахустин нафаре аст, ки мақоми қонунӣ гирифтани забони тоҷикиро ба миён гузоштааст.

Поделиться новостью с друзьями:

Add comment


Security code
Refresh