Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо журналистон

«Нақши рўзноманигорон дар инъикоси пешравиву мушкилоти ҷомеа назаррас буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ҳамеша омода аст» - гуфт иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқоти нахустин бо рўзноманигорон, ки дина, 6 декабр дар толори маҷлисҳои МИҲД вилоят баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки расонаҳои хабариро ба худию бегона, давлатию ғайридавлатӣ ҷудо намекунад ва омода аст ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи расонаҳои хабарӣ, новобаста аз шакли моликияташон вусъат диҳад. Дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бештар аз 50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат доштанд.

Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли оянда ба масъалаҳои идомаи ислоҳоти замин, эҳёи корхонаҳои саноати сабук ва навсозии роҳҳои дохилӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Зикр гардид, ки ҳалли дурусти ин масъалаҳо на танҳо дастрасии бештари саҳмдоронро ба замин, таъсиси бештари ҷои корӣ, бахусус, барои занон ва ободонии маҳалҳоро таъмин менамояд, балки ба сифатан беҳтар шудани шароити зист ва некўаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамзамон, зикр дошт, ки дар татбиқи ин амалҳои нек ба дастгирӣ ва пуштибонии расонаҳои хабарӣ эътимод хоҳад кард.

Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамчунин аз мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои маорифу нигаҳдории тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ёдовар шуда, журналистонро барои ҳамкорӣ ва таҳқиқи мўшикофонаи масоили рўз аз қабили тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, сабабҳои иҷтимоии хушунати хонаводагӣ, худкушӣ, фасоди молӣ, истифодаи оқилонаи замин ва ғайра даъват намуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки барои иҷрои чунин амрҳо грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо мегардад, ки чунин амал дар вилояти Суғд бори нахуст сурат мегирад. Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифт ва хабарнигорон аз и.в Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ посухи суолашонро гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh