Таҷдиди хоҷагиҳо-талаби замон

Рўзи чоршанбеи 4-уми декабр шиносоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар ноҳияи Спитамен идома ёфт. Дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони ноҳияи Спитамен, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, масъалаҳои пардохти қарзи андоз, бо истифода аз шароити мусоид бунёд намудани корхонаҳои хурду миёна, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар ҷамоату маҳалҳо, вазъи кунунии соҳаҳои маорифу нигаҳдории тандурустӣ ва рушди минбаъдаи ин соҳаҳо, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва вазъи соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни таҳлилу баррасии соҳаи кишоварзӣ таъкид намуд, ки ин соҳа ба тағйироти куллӣ ниёз дорад. Зикр гардид, ки бояд тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ мавриди таҷдид қарор дода шуда, хоҷагиҳои оилавӣ ва инфиродӣ таъсис дода шаванд ва ҳамаи саҳмдорон соҳиби замин гарданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки кишоварзон минбаъд ба сифат ва ҳосилнокӣ бештар таваҷҷўҳ намоянд. Бо баробари иваз кардани чигит ба пунбадонаи нав имкон пайдо мегардад, ки масоҳати кишти пахта камтар гардида, дурнамо аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии ҳар қитъаи замин таъмин гардад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ истифодаи самараноки заминро таъкид намуда, ҳамчунин изҳор дошт, ки дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсиси фермаҳои чорводорӣ низ ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh