Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Чен Ин Сян

Рўзи якшанбеи 8 декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати кории ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» - ро бо роҳбарии директори генералии ин ширкат Чен Ин Сян ба ҳузур пазируфт.

Директори генералии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» ҳини сўҳбат нахуст Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Раиси вилояти Суғд таъин шуданаш табрик гуфта, омодагиашро ба идомаи ҳам-кориҳои самаранок дар оянда изҳор дошт.

Дар ҷараёни сўҳбат ҷонибҳо масъалаи бунёди корхонаи кўҳӣ – металлургиро дар шаҳри Истиқлол мавриди баррасӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур, ки аз ҷониби ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» бунёд мешавад, барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз маъданҳои кўҳӣ нигаронида шуда, он солона иқтидори коркарди зиёда аз 50 ҳазор тонна маъдани руҳ ва 50 ҳазор тонна маъдани сурбро доро хоҳад буд.

Ҷонибҳо зимни сўҳбат дар баробари бунёди ин корхонаи бузурги металлургӣ як қатор масъалаҳои дигари марбути ин корхонаро, аз қабили мумфарш кардани роҳҳо, таъмини корхона бо об, кашидани хати интиқоли нерўи барқ, вазъи экологии минтақа, бунёди нақб дар роҳи аз шаҳраки Зарнисор то шаҳри Истиқлол мавриди баррасӣ қарор доданд. Маврид ба зикр аст, ки нақби Зарнисор – Истиқлол, ки 2,8 километр дарозӣ хоҳад дошт, баъди сохта ба истифода додан, масофаи роҳи миёни шаҳраки Зарнисор ва шаҳри Истиқлолро қариб чор маротиба кўтоҳ менамояд.

Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарияти ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» инчунин масъалаи ҷалби коргарони маҳаллиро ба ин корхона ва тарбияи мутахассисони ҷавонро аз ин ҳисоб арзёбӣ намуда, тақозо дошт, ки ба ин масъала таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шавад.

ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикис-тону Хитой» корхонаи металлургиро дар шаҳри Истиқлол дар майдони 70 гектар бунёд менамояд, ки дар он 1200 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар ин коргоҳи саноатӣ 12 намуд маҳсулоти металлургӣ ва химиявӣ истеҳсол карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh