Шиносоии Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Истиқлол

Рўзи панҷшанбеи 5 декабр шиносоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Истиқлол идома ёфт.

Зимни сафари корӣ ба ин шаҳр Абдураҳмон Қодирӣ нахуст бо фаъолияти маҷмааи варзишии шаҳр шинос гардид. Бояд гуфт, ки маҷмааи варзишии шаҳри Истиқлол соли 2011 бо маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ пурра таъмир карда шудааст.

Ин маҷмаа дорои 13 иншооти варзишӣ буда, дар он 5 толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, корти теннис, варзишгоҳ бо 1500 ҷои нишаст ва дигар майдончаҳои варзишӣ амал мекунанд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолияти маҷмааи варзишии шаҳр баҳои баланд дода, барои ташкили мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар шаҳри Истиқлол тавсияҳои хешро пешниҳод намуд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз мавзеи сохтмони корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол дидан намуд. Маврид ба зикр аст, ки алҳол бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Истиқлол бо маблағгузории сармоягузорони чинӣ бунёди корхонаи кўҳӣ - металлургӣ оғоз гардидааст. Корхонаи мазкур барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз маъданҳои кўҳӣ нигаронида шуда, он солона иқтидори коркарди зиёда аз 50 ҳазор тонна маъдани руҳ ва 50 ҳазор тонна маъдани сурбро доро хоҳад буд.

Корхонаи мазкур дар майдони 70 гектар бунёд гардида, он 1200 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд. Дар ин коргоҳи саноатӣ 12 намуд маҳсулоти металлургӣ ва химиявӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолияти зеристгоҳи барқии шаҳри Истиқлол шинос шуд. Ин зеристгоҳи барқӣ бо трансформаторҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, он барои беҳтар намудани сифати таъмини барқи сокинон ва корхонаҳои саноатии минтақа равона карда шудааст. Аз зеристгоҳи мазкур то шаҳраки Зарнисор ба масофаи 17 км хатти нави интиқоли барқ сохта шудааст, ки алҳол он дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Дар идомаи сафари корӣ мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони шаҳри Истиқлол дар Қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят А.Қодирӣ ба масъалаҳои ҳалталаби шаҳр, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ ва полезӣ диққати махсус дод.

Ҳамчунин Абдураҳмон Қодирӣ ободониву бунёдкории маркази шаҳр ва таъмиру навсозии роҳҳои марказӣ ва дохилимаҳаллиро муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки соли 2014 дар вилоят Cоли роҳҳои обод эълон гардида, дар ин раванд таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ҳудуди вилоят ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари вилоят зикр намуд, ки соли оянда барои мумфаршкунии роҳи марказии шаҳр аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо карда хоҳад шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ ба вазъи экологии шаҳри Истиқлол, аз ҷумла вуҷуд доштани партовгоҳҳои радиатсионӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуд. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Истиқлол 6 партовгоҳи радиатсионии даврони шўравӣ мавҷуд аст ва солҳои тўлонӣ муаммои безараргардонии ин партовҳо ҳалношуда боқӣ мондааст. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шахсони масъул супориш дод, ки барои маҳкам кардани гирду атрофи партовгоҳҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Инчунин дар ин мулоқот камбудиҳои мавҷудаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла нарасидани муаллимони фанҳои дақиқ ва забони давлатӣ, дар сатҳи паст қарор доштани хизматрасонии тиббӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh