Муаррифии раиси шаҳри Исфара

Рўзи шанбеи 14 декабр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ширкати фаъолони шаҳр маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара баргузор гардид, ки дар он и.в.Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 Раҳмоналӣ Амиров бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, Даврон Зоҳидов иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Зоҳидов Даврон Абдуқодирович 18 июни соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, солҳои 1993 ва 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо дипломҳои аъло бо ихтисоси иқтисодчӣ ва омўзгори фанни информатика ва ҳисоббаррор хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба ҳайси омўзгори кафедраи фанҳои умумитехникии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои раиси Маркази ташаббуси ҷавонон «Иттифоқ»-и вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, муовини аввали роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ва Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2006-2011 ҳамчун Раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд адои вазифа кардааст. Аз соли 2011 то ба имрўз дар мансабҳои мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh