Парчами миллӣ барафрохта мешавад

Дар майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сутунпояе, ки 55 метр баландӣ дорад, партавафшонӣ хоҳад кард. 23-юми декабри соли равон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои бунёди сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.

Тавре иттилоъ доданд, сутунпояи Парчам 55 метр баландӣ дошта, он чун рамзи соҳибистиқлолии кишвар ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ бо гузоштани нома ба наслҳои оянда ва санги асос бар сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд баландтарин хоҳад буд, ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшид. Роҳбари вилоят ҳини мулоқот бо фаъолон ва иштирокдорони ин воқеаи таърихӣ, изҳор дошт, ки оянда дар ин минтақа Боғи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рўдакӣ бунёд карда мешавад. Ў ҳамзамон таъкид кард, ки ин мавзеъ ба макони зебои истироҳатии шаҳрвандон табдил дода хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки сутунпояаш 55 метр баландӣ дорад, ҶДММ «Суғдшаҳрофар» омода намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh