Беҳдошти вазъ зарур аст

23-юми декабри соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи кории назди Раиси вилоят доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони шўъбаю сохторҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ машваратро ифтитоҳ намуда, аз натиҷаҳои мулоқотҳои худ бо фаъолони 18 шаҳру навоҳӣ изҳори андеша намуд. Вай умуман баргузории мулоқотҳоро дар шаҳру навоҳӣ нек арзёбӣ карда, ба роҳбарони сохтору шўъбаҳои МИҲД-и вилоят баҳри таъмини иҷрои талабу дархости мардуми маҳалҳои мухталиф супоришҳои қатъӣ дод. Ба кор андохтани корхонаҳои саноати сабук, ки дар қаламрави вилоят бештар аз 50 адад мебошанд, вазифаи аввалиндараҷаи шахсони масъул мебошад. Корхонаи муштараки «Олимтекстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ бояд рўзҳои наздик мавриди истифода қарор гирад.

Ҳамчунин, таҷдиди фаъолияти КМ «Кабоол-тоҷик-текстайлз» таъмин намуда, ташкил кардани коргоҳҳои қолинбофӣ дар мадди назар бошад. Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи ноободии роҳҳои маҳаллӣ сухан ронда, гуфт, ки «Соли 2014-ум Соли роҳҳои обод» эълом дошта мешавад.

Дар ин маврид ҳам ташкилотҳои масъул бояд нақшаи чорабиниҳои муайянро қабул ва роҳандозӣ намоянд. Ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли намаки «Экстра» дар ноҳияи Ашт, бунёди чойхонаи миллӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Маҳ- мудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдон, сохтмони бинои мактабҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки бояд соли минбаъда ба иҷро расонида шаванд.

Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ ба ободонии кўчаю хиёбонҳо, гулзор кардани маҳалли зист эътибори алоҳида додан зарур аст. Бунёди манзилҳои истиқоматӣ аз масолеҳи маҳаллӣ – санг дар шаҳри Истиқлол вусъат гирад. Ҳамчунин сарвари вилоят масъулинро вазифадор кард, ки комбинати металлургии шаҳри Истиқлол бояд дар мўҳлати муқарраршуда ба кор дароварда шавад.

Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷўҳи иштирокдорони ҷаласаро ба сохтмони нерўгоҳҳои хурди обӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, таъмиру таҷдиди бинои Садорати колхози ба номи Абдуғафур Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов, таъмири роҳҳои протоколӣ, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳарчӣ бештар бунёд кардани корхонаҳои истеҳсолӣ, вусъати таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, истифодаи босамари замин, рушди моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, занбўри асалпарварӣ, инчунин дар ноҳияи Айнӣ ташкил кардани бозори яклухтфурўшӣ, истифодаи босамари бозори «Ашроф»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ободонии мавзеҳои Моҳпарии шаҳри Исфара ва Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Fафуров нигаронид.

Ҳамчунин, и.в. Раиси вилоят муовинони Раиси вилоят ва роҳбарони ташкилоту сохторҳои масъулро водор намуд, ки ба ошкоркунии ҷиноят, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкили майдончаҳои варзишӣ дар деҳот, беҳтар кардани ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, бо кор таъмин кардани хатмкардагони макотиби олӣ, пешгирии фавти модару кўдак, гирифторӣ ба касалиҳои сорӣ ва ғайра бештар аҳамият диҳанд ва баҳри беҳдошти вазъ дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тадбирҳо андешанд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh