Замин бояд ба соҳибаш расад

Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ № 287 аз 9-уми декабри соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» ба тасвиб расид ва он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, масъулини сохторҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятиро водор мекунад, ки ба ислоҳоти замин дақиқназарона муносибат кунанд, дар тақсимоти саҳми замин ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, ҳар як саҳмдори заминро бо рафти таҷдиди хоҷагиҳо огоҳ намоянд, бо як сухан замин, бояд ба соҳиби ҳақиқиаш – марди деҳқон бирасад.

Кишоварзон бошанд, барои босамар истифода бурдани ҳар ваҷаб замини корам, баланд бардоштани ҳосилнокии қитъаи киштзор тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд. Ҳамин нуктаҳо дар машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ки 21-уми декабри соли равон дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид, алоҳида зикр шуданд. Дар машварати корӣ роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдори вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳия, раисони кумитаи заминсозии вилоят ва сохторҳои маҳаллии он, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба кишоварзӣ ва дигарон, ки ба масъалаи баррасишаванда мутааллиқанд, ширкат доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ машварати кориро ифтитоҳ намуда, дар хусуси қарори номбурда хотиррасон намуд ва иттилоъ дод, ки бо супоришу ҳидоятҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят соли оянда баробари дигар корҳои созандагию ободонӣ ба се масъала – таҷдиди хоҷагиҳои бузургҳаҷм, бо иқтидори пурра ба кор андохтани коргоҳҳои саноати сабук ва ободонии роҳҳо эътибори махсус дода мешавад. Бояд гуфт, ки моҳҳои декабри соли равон ва январи соли 2014-ум маъракаи муҳим - ислоҳоти замин ва ба хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ бадал кардани хоҷагиҳои калонҳаҷм вусъат мегирад.

«Дар бораи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ва таъмини иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» раиси кумитаи заминсозии вилоят Орифҷон Хоҷаев гузориш дод. Зикр гардид, ки кумитаи заминсозии вилоят ва сохторҳои маҳаллии он баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сардори давлат ва иҷрои қарори Раиси вилоят корҳои зиёдро ба нақша гирифтаанд. Маълумоти оморӣ дарак медиҳад, ки дар вилоят зиёда аз 3300 хоҷагиҳое фаъолият мебаранд, ки бештар аз 10 гектар замини корам доранд. Ба хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ табдил додани онҳо талаби замон аст. О.Хоҷаев дар хусуси ҳуқуқи саҳмдорон, бо сертификати истифодаи замин бидуни пардохт таъмин шудани нафароне, ки хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ созмон медиҳанд, ҳамчунин тарзи омода намудани ҳуҷҷатҳо ҳангоми таъсиси хоҷагиҳо ҳарф зад.

Зикр карда шуд, ки алҳол хоҷагиҳои тухмчигӣ, зотпарварӣ аз таҷдид берун мемонанд. Заминҳои дигар хоҷагиҳо бояд саросар мавриди таҷдид қарор дода шаванд. Сарвари вилоят эътибори иштирокдорони машваратро ба он нукта нигаронд, ки ҳангоми азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои инфиродӣ дар ҳар шаҳру навоҳӣ саҳми миёнаи замин ва фонди захиравии замин бояд ҷудо карда шавад. «Ҳадафи асосӣ аз таҷдиди хоҷагиҳо ва таъсиси хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ, -гуфт Абдураҳмон Қодирӣ, - беҳдошти зиндагии аҳолии деҳот, ба соҳиби ҳақиқиаш расондани замин, ба ин васила аз муҳоҷирати иҷборӣ баргардондани мардуми деҳот, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад».

Ҳар саҳмдор бояд, новобаста аз он ки имрўз дар кадом соҳа кору фаъолият мекунад ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, огоҳ карда шавад, ки ў ҳуқуқи созмон додани хоҷагии деҳқонӣ ва гирифтани саҳми заминро дорад. Бар иловаи саҳмдорон шахсонеро фаромўш кардан даркор нест, ки дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқи деҳот кору фаъолият мекунанд. Масалан, кормандони соҳаи маорифу нигаҳдории тандурустӣ, ки дар деҳа зиндагонӣ мекунанду имконияти созмон додани хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавиро моликанд, заминро эъзоз менамоянд, бояд соҳиби замин шаванд. И.в. Раиси вилоят таъкид бар он дошт, ки ҳангоми созмон додани хоҷагиҳои деҳқонӣ масъулин бояд бо усули «Равзанаи ягона» кор ташкил кунанд ва барои ин амал маблағҳо асосан аз ҳисоби лоиҳа масраф карда хоҳанд шуд.

Дар бораи вазифаҳои Комиссияи вилоятии таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Мирзоанвар Аҳмадов гузориш дод. Директори Маркази кадастри замини вилоят Саидамон Раҳмонов оид ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм дар вилоят сухан кард.

Дар итмоми машварати корӣ Абдураҳмон Қодирӣ назди кишоварзони вилоят вазифаҳои мушаххас гузошт. Вай аз ҷумла гуфт, ки ташкил кардани Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки барои беҳдошти вазъи мелиоративии минтақаҳои аграрии вилоят ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ аз буҷети вилоятӣ беш аз 1 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Бо мақсади расондани хизмати техникӣ ба хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ созмон додани марказҳои мошиниву тракторӣ зарур аст. Нархи онҳо бояд дар мувофиқа бо идораҳои дахлдор барои кишоварзон дастрас бошад ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмати намунавӣ расонда шавад. Ташкили дўконҳои махсус барои фурўши заҳрдоруҳо, нуриҳои минералӣ, қисмҳои захиравии трактору механизмҳо, тухмиҳои гуногун талаби рўз аст.

Ба суғуртаи ихтиёрӣ фаро гирифтани хоҷагиҳои навташкил яке аз масъалаҳоест, ки дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи коргарон аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд бо дафтарчаи меҳнатӣ таъмин карда шаванд.

Сарвари вилоят деҳқонон, сарварони раёсати кишоварзӣ ва масъулини сохторҳои вилоятиро водор намуд, ки ба интихоби тухмии зироатҳои киштмешуда эътиборро дучанд намоянд. «Аз тухмии босифат, - гуфт Абдураҳмон Қодирӣ, - сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳосилнокии ҳар қитъаи замин вобастагии калон дорад. Чаро дар вилоят ба кишту парвариши зироатҳои полезӣ, махсусан, харбуза таваҷҷўҳ кам шудааст?» Ташкил кардани токзор ва анорзор, баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, ҳамчунин, парвариши дарахтони гуногуни мевадор, аз ҷумла себ, зардолу ва бештар кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот талаби замони иқтисоди бозаргонӣ маҳсуб мешавад. Роҳбарони сохторҳои дахлдори вилоятӣ бояд дар ин самт ҳам ҷараёни корро вусъат бахшанд.

Дар поён Абдураҳмон Қодирӣ фаъолони вилоятро даъват намуд, ки дар ҳалли мушкилоти мардуми деҳот, таъмини иҷрои қарори номбурда тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати ташкили комплексҳои ширию молӣ дар назди фермаҳо, бо шаҳодатнома таъмин намудани саҳмдорон, ташкили нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва фурӯши нуриҳои минералӣ дар ҷамоатҳо ва ободонии атрофи хоҷагиҳои навташкил аз ҷониби масъулин бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Карим ШАРИФ

Add comment


Security code
Refresh