Роҳнамои муҳоҷирони меҳнатӣ

 Дар толори «Кохи матбуот» доир ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ ва муаммоҳои он семинар машварат баргузор гардид. Консули Генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко дар бораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва шарту шароитҳои будубоши онҳо дар қаламрави Русия дар соли 2015 сухан ронд.

Аз ҷумла ӯ гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатии байни Тоҷикистону Русия бе раводид буда, тағйири макон кардани онҳо то ҳадде осон шуд. Ин маънои онро дорад, ки қувваи кории ду кишвар дар ҳаракати озод қарор дошта, шаҳрвандон метавонанд дар ҳудуди ду давлат кору фаъолият кунанд.

Хадамоти консулии Сафоратхона ба додани шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, оғоз кардааст. Дар кори семинар машварат намояндагони созмони ғайритиҷоратии бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Авросиё» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират, идораи савдо ва рушди минтақавии иқтисодии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маркази ҳуқуқи инсон ширкат варзиданд.

Барно АБДУFАФФОРОВА

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh