Қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 декабри соли 2014 шаҳри Хуҷанд № 474

Дар бораи даъвати иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум

Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2014, №306 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», қарор мекунам:

1. Иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум 10 декабри соли 2014, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

2. Ба баррасии иҷлосияи бис-туми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаҳои зерин пешниҳод гарданд:

– дар бораи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

– оид ба ташкили комиссияи вилоятии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

– дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоиров F.М. гузошта шавад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ

Add comment


Security code
Refresh