«Мақоми омӯзгор дар ташаккули ҷомеа»

 Маҳфили илмию адабӣ бахшида ба 75-солагии рӯзи мавлуди омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №31-уми ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунаввара Назарова гузаронида шуд.

Чорабиниро раиси Ҷамоати деҳоти Ёва Саидумрон Саидов оғоз намуд. Муовини раиси ноҳия Мастура Комилова аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хоса раиси ноҳия Абдусамад Маннонзода соҳибҷашнро шодбош гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву хотирҷамъӣ ва сарбаландӣ таманно кард. Инчунин намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Аҳмадҷон Солиҷонов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Малоҳат Бобоева, сарвари гимназияи 4-уми шаҳри Хуҷанд Зулфия Ашӯрова, директори мактаби таҳсилоти умумии №31 Муродҷон Азимов ва дигарон соҳибҷашнро табрик гуфтанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки аксари нафароне, ки ба шодбошии соҳибҷашн омадаанд, шогирдони омӯзгори соҳибтаҷриба Мунаввара Назарова мебошанд.

Ҳозирон маърӯзаи муаллима Б.Назароваро дар мавзӯи «Устод, тарбиятгар ва раҳнамои ҷавонон» ва суханронии рӯзноманигор Карим Шарифро дар мавзӯи «Нақши муаллим дар тарбияи насли фардо» бо мароқ шуниданд. Боиси зикр аст, ки Мунаввара Назарова 58 сол инҷониб дар мактабҳои деҳа омӯзгори синфҳои ибтидоиро дар ӯҳда дорад ва шогирдони ӯ дар ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар фаъолият дошта, даҳҳо нафар касби пуршарафи омӯзгориро интихоб ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегирад. Омӯзгори ботаҷриба бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шудааст.

Толибилмони мактаби таҳсилоти умумии № 31 ва гимназияи № 4-уми шаҳри Хуҷанд дар васфи Ватан, модар, устод шеърҳо қироат карда, суруду таронаҳо иҷро карданд. Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ Мирсалим Ашӯров бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро шод намуд.

Фаридун КАРИМЗОДА

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh