Алайҳи зӯроварии бонувон

 Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан семинар - машварати бонувон дар мавзӯъи «Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»» баргузор гардид.

Семинарро Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муҳаммадӣ Салимов ифтитоҳ намуд. Сипас, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамроҳ Атаева доир ба рафти баргузории чорабиниҳои вилоятӣ дар Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ» нақл намуда, баргузории семинари мазкурро саривақтӣ унвон кард.

Муфаттиши прокуратураи шаҳр Умар Саидзода оид ба мафҳум ва моҳияти қонуни мазкур, принсипҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ваколатҳои мақомоти гуногун дар пешгирии ҳушунати оилавӣ, чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳамчунин, ҳолати иҷрои ин қонун дар шаҳри Истаравшан маълумоти муфассал дод.

Раиси Шӯрои занони маҳаллахонаи «Зафар» дар баромадаш зикр дошт, тарғиби моҳияти қонунҳо, ташкили мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор суст ба роҳ монда шудааст. Нозирони минтақавии милисаро танҳо пас аз ба вуқӯъ омадани ҳодиса мебинӣ, ки санад омода месозанд.

Шоира Раънои Зоирдухт, муовини раиси ҳаракати Вадати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Зебӣ Маъруфова дар баромадҳои хеш афзуданд, кор дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, бахусус соҳибхоназанҳо бояд ҷоннок карда шавад. Ҳанӯз ҳам андешаи нуфузи оила, ору номуси оиладорӣ намегузорад, бонувони мо дарди хешро ифшо намоянд. Ҳамин боис мегардад, роҳи халосиро дар худкушиву худсӯзӣ бубинанд, - қайд намуданд онҳо.

Нозири минтақавии ШВКД Худойқул Маъруфов зимни баромадаш оид ба фаъолияти нозирони милиса қайд намуд, ки барои пурра фаро гирифтани аҳолии маҳал кормандонашон намерасанд.

Дар семинар – машварат Раиси Шӯрои духтарони КИВ Дилноза Очилова, сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Мамлакат Зоидова, муовини раиси ҷамоати «Гули Сурх» Музаффара Олимова ва дигарон андешаҳои худро иброз доштанд.

Кори семинарро муовини раиси шаҳр Хосият Фозилова ҷамъбаст намуда, гуфт, пешгирии зуроварӣ дар оила кори дастҷамъона буда, бояд ҳамагон барои ҳалли ин муаммо кӯшиш намоянд. Қайд намуд, чунин семинарҳо минбаъд низ дар тамоми ҷамоат ва маҳаллахонаҳои шаҳр, бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони маҳал, тибқи ҷадвали махсус гузаронида хоҳад шуд.

Илҳоми Саршор

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh