Фарҳанги тиҷорат ва савдо

 Дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров семинари илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Фарҳанги савдо ва равишу усулҳои рушди тиҷорат дар замони муосир» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва соҳибкорон ширкат варзиданд.

Саидумрон Саидов- раиси ҷамоати деҳоти Ёва изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ қадаме пеш ниҳодан дар маданияти савдо ва тиҷорат, огоҳ шудан аз камбудиву пешравиҳои раванди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Ҳамзамон доир ба мавзӯъҳои муоширати кории касбӣ дар замони муосир, муоширати савдо ва менеҷменти идора, симои нуқтаҳои савдо ва таъсири он дар пешрафти тиҷорат, татбиқи талаботи стандартҳои дохиливу байналхалқӣ, омили рушди истеҳсолот ва таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои хушсифат, муаммоҳои муҳоҷират ва таъсири он ба сатҳи зиндагии аҳолӣ, мавқеи фарҳанги андоз дар муҳити соҳибкории муосир маърӯзаҳо баён гардиданд. Муовини раиси ноҳия Мастура Комилова оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва савдои муосир ҳарф зада, риояи фарҳангу маданияти соҳибкориро таъкид дошт.

Ҳамчунин, олимон Садриддин Fозибеков, Тӯхтабой Тӯхтаев, Абдумавлон Азимов ва мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия С.Бобоев оид ба мавзӯҳои мубрами соҳаи соҳибкорӣ, рушди савдо ва муҳоҷирати меҳнатӣ сухан ронданд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ

 

Add comment


Security code
Refresh