ДПДТТ соҳиби Ҷоми «Мегафон-Тоҷикистон»

 Бори чорум аст, ки ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» дар ҳудуди вилояти Суғд мегафорумро миёни муассисаҳои олии вилоят доир менамояд. Ин дафъа низ чорабинӣ дар маҷлисгоҳи боҳашамати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардида, донишҷӯёни 5 муассисаи олии вилоят- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳои ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов дар мавзӯи «Интернети оянда» лоиҳаҳои барномаи худро муаррифӣ намуданд.

Иҷрокунандаи директори генералии ширкати мобилии «Мегафон- Тоҷикистон» Андрей Шишковский дар бораи ҳадаф ва моҳияти баргузории мегафорум дар мавзӯи «Интернети оянда» ба ҳозирин фаҳмонда, қайд кард, ки интернет дар рӯзгори мо ҷойгоҳи махсусро гирифтааст. Бе он рушди иқтисодиёт, иҷтимоиётро тасаввур кардан нашояд.

Сипас донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят лоиҳаҳои барномаҳои сохтаи худро дар мавзӯи мазкур пешкаши аҳли нишаст гардонданд.

Дастаи барномасозони Донишкадаи политехникӣ соҳиби ҷоми ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» гардиданд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Add comment


Security code
Refresh