Изҳороти Шўрои уламои дини вилояти Суғд нисбат ба фоҷиаи шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Баробари шунидани хабари ҳамлаи ваҳшиёнаи гурўҳи террористии толибон ба яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистон ва кушта шудани беш аз 150 нафар муҳассилону устодон ва захмдор гардидани зиёда аз 120 нафар, ки боиси ғаму андўҳи садҳо оилаҳо шуд, дар дили ҳар як инсони боимон ва адолатпеша нисбати ин амали ғайриинсонӣ нафрату ғазаб пайдо гардид. Гунаҳкорони ин ҳодисаи фоҷиаборро маҳкум менамоем ва барои қурбоншудагон охирати обод, ба волидайни онҳо, аҳли оилаи онҳо аз даргоҳи Худои муттаол сабри ҷамил хоҳонем.

Боиси нафрати ҳар як мусалмон он аст, ки террористон мақсад ва ҳадафи шуми худро дар остонаи илму маърифат, зидди толибилмон анҷом доданд, ки ин хилофи ахлоқи башарӣ ва талаботҳои дини мубини ислом мебошанд.

Дар Қуръони карим Парвардигори олам мефармояд «… ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод (яъне роҳзанӣ ва муртад шудан) дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумонро якҷо кушта бошад ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумонро як ҷо зинда сохта бошад… » (сураи «Моида», ояти 32). Яъне гуноҳи қатли як нафар мисли гуноҳи қатли як олам аст.

Ин амали ваҳшиёна симои аслии террористонро боз як бори дигар намоиш дод, ки моҳияташ инсонбадбинӣ аст ва бо бераҳмии махсус сурат гирифт.

Террорист Ватан, миллат ва дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чӣ дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд, вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёна ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз ҳам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида магардад.

Чӣ хеле, ки дар барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон омадааст: «Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод».

Раёсати Шўрои уламои дини вилояти Суғд ва кулли ходимони дин мавқеи давлатамонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷинояти мудҳиши толибонро маҳкум менамоем ва аҳли ҷомеаро даъват мекунем, ки дар муқобили хавфу хатарҳои терро-ристӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандўстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа пайваста кўшиш намоянд. Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи моро халалдор гардонанд.

Дуо мекунем, ки аҳли олам тинҷу ором бошад.

Add comment


Security code
Refresh