Аввалин озмуни “Камолхонӣ” дар вилоят

Дар толори Маркази ҷавонон ба номи устод Лоиқ Шералӣ нахустин озмуни “Камолхонӣ” дар байни донишгоҳҳои вилоят баргузор гардид.

Иштирокдорон аз рўи панҷ шарт - ҳониши ифоданок, ҳифзи ашъор; cаволу ҷавоб аз аҳвол ва осори Камоли Хуҷандӣ, навиштани абёти шоир бо хати ниёгон, намоиши саҳна аз рўзгори Камоли Хуҷандӣ қувваозмоӣ карданд.

Барои шаффоф гузаштани озмун, шарти саволу ҷавоб ба тариқи савол додани донишомўзон ба якдигар гузаронида шуд. Инчунин, шарти навиштани абёт бо хати ниёгон бо тариқи интихоби байт ба ҳариф баргузор гардид. Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи “Сеҳри мубин”-и ДДХ ба номи академик Б.Uафуров, ҷои дувум насиби дастаи “Сафинаи Камол”-и ДДҳБСТ, ҷои саввум насиби дастаи “Дурфишон”-и ДПДТТ, ҷои чаҳорум насиби дастаи “Булбули Хуҷанд”-и Колеҷи омўзгорӣ ва ҷои панҷум насиби дастаи “Андалеби Хуҷанд”-и Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ гардид.

Сурайё Ҳакимова

Add comment


Security code
Refresh