Конфронси Маркази илмии Камол

Дар толори «Маркази ҷавонони ба номи устод Лоиқ Шералӣ» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» конфронси илмӣ таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ ва рушди адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз нахустин конфронсҳои «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба ҳисоб рафта, дар он самтҳои фаъолияти муассиса муаррифӣ карда шуд.

Дар конфронс намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимон, адибон, устодони макотиб ва дўстдорони илму адабиёт ширкат намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» доктори илмҳои филологӣ Насриддинов Фахриддин конфронсро ифтитоҳ намуда, доир ба мақсад ва ҳадафҳои маркази илмӣ маълумот дод.

Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аъзам Ҳотамӣ ҳозиронро бо ифтитоҳи чунин марказ табрик намуд.

Сипас Раиси шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар бораи «Ҷойгоҳи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ташаккули адабу фарҳанги миллӣ» сўҳбат кард.

Инчунин, номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов дар мавзўи «Нашрҳои илмӣ-интиқодии девони Камоли Хуҷандӣ» ва номзади илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ дар мавзўи «Муҳаққиқони тоҷик ва маърифати аҳволу ашъори Камоли Хуҷандӣ» баромад намуданд.

Дар интиҳо директори Муассиса дар мавриди масоили мубрами камолшиносӣ ва нақшаҳои марказ дар ҳаллу баррасии ин мавзўъ сухан гуфта, конфронсро ҷамъбаст намуд.

Сурайё Ҳакимова

Add comment


Security code
Refresh