Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрон!

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Соли нави 2015
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2014 бо баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ - таҷлили 20 – умин солгарди қабули Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургдошти 600 – солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва баргузории ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар таърихи давлатдориамон саҳифаҳои тозаеро боз намуд.

 Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ба корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза бахшида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 160 корхонаи саноатӣ бунёд, хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ таҷдид ва ҳунарҳои мардумии қолинбофию адрасбофӣ ва сўзанидўзӣ эҳё гардида, роҳҳо мумфаршу симои маҳалҳо ба худ ранги тозаро касб кард, ки дар шинохти муқаддасии истиқлолияти кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ ба ҳар сокини вилоят рўҳу илҳоми тоза бахшид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар баробари натиҷагирӣ аз соли 2014 бо умеду ормонҳои нек, бо эътиқод ба рўзи фардои босаодати аҳли ҷомеа ва бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ, осудагии диёр ва дарки ватандории ҳар шаҳрванд дар соли тозапаём нақшаҳои муҳими меҳнатиро тарҳрезӣ намуда, азми он дорад, ки дар рушду нумўи Ватани азизамон – Тоҷикистон ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи мардум боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Бо чунин ниятҳои нек, мардуми вилоятро бо фарорасии Соли нави 2015, ки дар қаламрави вилоят «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон шудааст, табрику таҳният гуфта, ба аҳли ҳар хонадон саодати рўзгор, омади кор, дастархони пур аз нозу неъмат, саломатию хотирҷамъӣ ва дастовардҳои беназир таманно дорам. Соли наватон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон ҚОДИРӢ

Add comment


Security code
Refresh