Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли илму фарҳанг

Дар арафаи Соли нави мелодии 2015 дар Қароргоҳи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли илму фарҳанги вилоят баргузор гардид. Раиси вилоят сароғоз аз натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2014 ибрози назар намуда, дастовардҳои шоистаи мардуми вилоят, бахусус аҳли илму фарҳангро шоиста арзёбӣ намуд.

 Маҳз, дастуру нишондодҳои саривақтии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои фаъолияти меҳнаткашони вилоят буданд, ки дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои нек ноил гардидем. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон, аз амалӣ шудани барномаҳо ва ҳадафҳои неки созандагӣ ва ободкорӣ, бахусус аз ҷараёни ислоҳоти замин, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, натиҷаҳои «Соли 2014-Соли роҳҳои обод» сухан ронд. Таҳкими бунёдкорӣ, муваффақиятҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ қонеъкунанда мебошанд, зикр дошт Раиси вилоят.

Ҳамчунин, дар соли 2014 бобати пешрафту таҳкими соҳаҳои илму фарҳанг, маорифу тандурустӣ низ корҳои шоиста ба фарҷом расиданд. Даҳҳо муассисаҳои таълимиву табобатӣ, иншооти муҳим бунёд шуда, сатҳи рўзгори мардум хеле беҳтар гардид. Эътибор ба соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва илм буд, ки ҳаёти маънавӣ ғанӣ гардид.

Баргузории тантанаи ҷашни мубораки 50 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона далели ин гуфтаҳост. Алҳол дар қаламрави вилоят чандин муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бунёд ва таъмиру тармим мегарданд. Бо мақсади рушду таҳкими соҳаи фарҳанг, ки ҳастии ҳар як миллату давлат аст, соли 2015 – Соли рушди фарҳанг ва гулҳо эълон гардидааст.

Фарҳангу маънавиёт чун иқтисодиёту иҷтимоиёт барои аҳли ҷомеа зарур ва муҳим мебошанд, - зикр дошт Абдураҳмон Қодирӣ. Боварӣ ҳаст, ки ин иқдомҳо ба беҳтаршавии сатҳу сифати рўзгори мардум, ҳусни шаҳру деҳот ва баланд шудани маърифат ва завқи ҷомеа мусоидат менамоянд.

Дар мулоқот Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод, профессор Атахон Сайфуллоев, муаррихи шинохта Усмонҷон Ғаффоров, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, шоир ва адабиётшинос Нуралии Нурзод ва дигарон ба сухан баромада, аз сиёсати маърифатпарваронаи роҳбарияти давлату ҳукумат, тадбирҳои нек ва созандаи адабпарвари роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахусус аз дастгирии аҳли илму адаб, нашри осори бузургони адабиёт ва адибони муосир ҳарф зада, ба Раиси вилоят изҳори сипос ва ризоият намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ кулли иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015 табрик намуда, барояшон илҳоми саршор, барору фатҳи кор ва тозаэҷодӣ хоста, армуғони шоиста – китобҳои тозанашрро тақдим намуд.

Хабарнигори “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh