Ҳарорати дили гарми тифлон

 Ба пешвози Соли нави мелодии 2016 дар тарабхонаи «Хушбахтӣ»-и шаҳри Хуҷанд консерти хайриявӣ барои кўдакони маъюби мактаб-парваришгоҳи маркази вилоят баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 30 нафар толибилмон бо мураббиёни худ иштирок намуданд.

Барои иштирокчиён аз ҷониби бахши шаҳрӣ ва вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дастархони идона густурда шуда, сару либос тўҳфа гардид. Барои боз ҳам рангину хотирмон гузаронидан кормандон ва ихтиёриёни Ҷамъияти вилоятии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо кўдакон ҳар гуна бозиҳои шавқовар ташкил намуданд, ки хурсандии кўдакон ҳадду канор надошт.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ санъаткорон бо сурудҳои худ табъи ҳозиринро болида намуданд. Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо дастгирии намояндагони ширкатҳои хусусии шаҳри Хуҷанд, соҳибкорони инфиродӣ баргузор гардида, он ба муносибати Рўзи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Соли нав доир гардид. Дар анҷоми чорабинӣ ба кўдакони маъюб тўҳфаҳои солинавӣ ва либоси гарм ба маблағи зиёда аз 5000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки мақсаду мароми Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун сохтори мададгори иҷтимоӣ дар самти фаъолияти башардўстона, ба аҳволи табақаҳои ниёзманд ва мўҳтоҷтарини аҳолӣ беҳбудӣ бахшидан аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh