Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2016

Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2015, ки мо онро дар китоби навини таърихи давлатдории халқамон номнавис менамоем, бо воқеаи фараҳбахши аз тарафи Парлумони кишвар пазируфта шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки дар заминаи арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расман Пешвои миллат эълон гардидани ин шахсияти беназир рост омад. Дар ин соли пурфайз мардуми вилоят ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, дар шукуфоии кишвар ва рушди ҷомеа саҳми муассир гузоштанд.

Бо шарофати татбиқи сиёсати оқилонаву ояндасози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят роҳандозӣ гардидани иқдомҳои соли оила, рушди фарҳанг, идомаи соли роҳҳои обод, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳрҳои тозабунёди Баҳористон ва Сайҳун, таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, таъмини рушди бомароми иқтисодӣ ва дастовардҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият соли 2015-ро хотирмон гардонидааст. Дар ин сол беш аз 170 иншоотҳои ҳаётан муҳим, аз қабили Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо бунёди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, мақбара ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, Қасри «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Маҷмааи фарҳангии Нақибхон Туғрал, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент, беморхонаву бунгоҳҳо, мактабу боғча, варзишгоҳу майдонҳои варзишӣ бунёд гардида, роҳҳо мумфаршу симои маҳалҳо ба худ ранги тозаро касб кард, ки ҳамаи ин дастовардро метавон самараи шинохти муқаддасии Истиқлолияти Тоҷикистон, пойдории Ваҳдати миллӣ ва эътиқоди сокинони вилоят ба сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ҳамдиёрони азиз!
Ин лаҳзаҳо мо бо ҳама дастовардҳои меҳнатӣ ва бурду бохт соли 2015-ро гусел ва соли нави мелодии 2016-ро бо эътиқод ба фардои саршор аз фараҳ ва музаффарияту нусрат дар ҳама самтҳои фаъолият пешвоз мегирем.

Итминони комил дорам, ки соли оянда низ барои мардуми кишвар, аз ҷумла, сокинони вилояти Суғд соли ифтихору рӯҳбаландӣ ва иқдомҳои неку музаффариятҳои меҳнатӣ хоҳад шуд. Соли 2016-ро дар ҳудуди вилоят мо «Соли фарди солим» эълон намуда, боварӣ дорем, ин иқдоми наҷиб аҳли ҷомеаро бештару беҳтар ба тарғиби тамаддуни миллӣ, тарзи ҳаёти солим, фарҳанги диёрдорӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ ҳидоят менамояд.

Бо чунин ниятҳои нек сокинони вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муборакбод гуфта, барояшон саодати рӯзгор, омади кор, дастархони пур аз нозу неъмат, саломатию хотирҷамъӣ ва дастовардҳои беназири меҳнатиро таманно дорам.

Соли нави мелодӣ хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh