Аз фаъолияти семоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқ натиҷагирӣ шуд

Имрӯз, 13 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати корӣ вобаста ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ доир гардид, нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Вобаста ба мавзӯъ сараввал муовини Раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 103,4 дарсад иҷро шудааст ва ба бучет 300 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки 31,2 миллион сомонӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Танҳо шаҳрҳои Исфараю Истаравшан нақшаи ҷамъоварии андозро таъмин карда натавонистаанд.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар семоҳа ба 1,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 138,2 фоизро ташкил додааст. Аз 98 корхонаи нави ба нақшагирифташуда дар соли равон 17 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд. Пардохти ҳақи барқ аз ҷониби аҳолии вилоят ба андозаи 88 фисад мебошад. Кишоварзони вилоят бошанд, дар ҳаҷми 390 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиш 108 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин давра ду мактаби нав дар навоҳии Ашту Мастчоҳ ба истифода дода шуда, барои соҳаи тандурустӣ дар «Соли Фарди солим» 337 миллион сомонӣ аз буҷети вилоятӣ пешбинӣ шудааст. Баргузории «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи бузургтарин чорабиниҳои фарҳангии ибтидои сол ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа Раиси вилоят раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳаҳои гуногунро вобаста ба фаъолияташон мавриди пурсиш қарор дод. Мушкили асосии мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара ин таъмин накардани нақшаи андоз аст, ки 93 дарсадро фаро гирифтааст.

Дар шаҳри Истаравшан бошад нақшаи андоз 85 дарсад иҷро шудааасту халос. Зикр шуд, ки роҳбарияти шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани наздик 1400 гектар замин ва ташкили марказҳои зообайторӣ дар ҷамоатхо тадбир андешад.

Раиси вилоят ҳамзамон масъулини соҳаи маорифро ҷиҳати таъмини мактабҳо бо либоси хушсифати мактабӣ муваззаф намуд. Ҳамзамон раёсати морифро зарур аст, ки дар самти либоси ягонаи омӯзгорон корбарӣ намояд.

Рушди соҳаи консерваю равған дар шаротити имрузаи вилоят зарур мебошад. Дастур дода шуд, ки корхонаҳои равғанбарорӣ бояд таҷҳизоти истеҳсолиро нав карда, сифати маҳсулотро беҳтар гардонанд ва дорои сехҳои ширинкунии равған бошанд.

Раиси вилоят ҳамзамон ҷиҳати дастрасии ангишт ба иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо нархи дастрас, мавриди истифода қарор додани заминҳои бекорхобида, ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ, таъминоти саривақтии оби полезӣ ба хоҷагидорон, омодагӣ ба мавсими нигоҳубини пилла, вусъати ҳунарҳои дастӣ дар ҷамоатҳо, иҷрои босифати нақшаи даъвати ҳарбӣ, таъмири роҳҳо, саривақт ба охир расонидани кишти баҳорӣ, сохтмони иншооти иҷтимоию истиқоматӣ дар шаҳракҳои нав ва омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои бузурги миллат-Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва  25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назди масъулин ва фаъолон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh