Шиносоии раисони шаҳру навоҳӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам ва «Афзали Зарзамин»

Қабл аз машварат раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони раёсатҳои кишоварзӣ таҳти роҳбарии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо таҷрибаи корҳои ободонӣ ва фаъолияти кишоварзон дар чанд хоҷагиҳои намунавии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз наздик ошно шуданд.

Нахуст ободонии шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров мавриди боздид қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки тайи ду соли охир бо ташаббусу дастгирии роҳбарияти вилоят ин роҳи назоратӣ азнавсозӣ карда шуда, имрӯз ба як хиёбони зебову дилрабо табдил ёфтааст. Бо ин мақсад дар ду тарафи шоҳроҳ дарахтони ороишӣ шинонида шуда, миёни он сабзпӯш ва дар он гулҳои мавсимию ҳамешасаб корида шудаанд.Шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров бо усули замонавӣ чароғон гардида, онро инчунин лавҳаҳои иттилоотию таблиғотӣ бо чеҳраҳои зебои ҷавонони Суғдзамин, ки таҷассумгари маданият ва анъанаҳои миллии тоҷикон мебошанд, зебу оро додаанд.

Абдураҳмон Қодирӣ ба раисони шаҳру навоҳӣ тавсия дод, ки ин намунаи ободониро дар кучаву хиёбонҳои марказии маҳаллашон истифода баранд. Зеро маблағи зиёдро талаб намекунад ва аз ҷониби дигар ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар мисоли шоҳроҳи мазкур меҳмонону сайёҳони вилоят пеш аз ҳама аз маданияти баланди шаҳрдории суғдиён мутаассир хоҳанд шуд. Гуруҳи мутасаддиён ҳамзамон дар хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таҷрибаи деҳқонони пешқадам, ки дар соҳаи сабзавоткорӣ соҳибтаҷриба мебошанд, шинос гардиданд. Аз ҷумла, дар бригадаи рақами 11-уми ҶСШК Абдураҳим Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Исфисор, ки 15 гектар замин дорад, кишти баҳории зироатҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Аҳли хоҷагӣ баробари пахта, дар ду гектар ба парвариши сабзавот аз қабили помидору бодиринг, сабзӣ, карам  машғул мебошанд. Раиси вилоят ба масъулини шаҳру навоҳии кишоварзӣ дастур дод, ки дар мисоли ин хоҷагӣ бо роҳи кам кардани масоҳати кишти гандум ва ҷуворимакка, парвариши сабзавотро дар мисоли помидор зиёд намоянд. Зерои таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки парвариши гандуму ҷуворимакка барои деҳқонон он қадар манфиатовар нест. Масалан, аз як гектар помидор метавон то бист маротиба зиёдтар аз гандум фоида ба даст овард. Аз ҷониби дигар афзун намудани парвариши сабзавот барои рушди соҳаи консервабарорӣ мусоидат хоҳад кард. Саноатчиёни вилоят имсол истеҳсоли беш аз 30 миллион қуттии шартӣ консерваро ба нақша гирифтаанд. Парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳоти Хистеварзу Зарзамин низ мувофиқи матлаб мебошад. Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии Абдуғаффор Ҷабборов кишти навъҳои пешқадаму серҳосили помидорро дар 12 гектар амалӣ кардаанд. Таваҷҷӯҳи Раиси вилоят ва раисони шаҳру навоҳиро фаъолияти пурсамари як деҳқонзани зарзаминӣ, ки дар 0,6 га замини наздиҳавлигиаш кишти помидорро ба роҳ мондааст, ба худ ҷалб намуд. Таҷрибаи бонуи меҳнатқарин Шодмоной Урунбоева воқеан ҳам намунаи ибрати кишоварзон аст. У чандин сол аст, ки дар ҳамин қитъаи ками замин ба сабзавоткорӣ машғул буда, ризӯи худу фарзандонашро аз ҳамин обу хок пайдо мекунад. Деҳқонзани соҳибтаҷриба заминро самаранок истифода бурдаасст, яъне баробари помидор ҳамзамон дар миён ва канори ҷуяҳо ҷуворимакка ва лубиё кишт карда, дар як мавсим се ҳосил ба даст меоварад. Роҳбари вилоят аз ҳиммати деҳқонзани маҳаллӣ ситоиш кард. 

Дар ин рӯз ҳайати гурӯҳ инчунин аз хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон саркор-5» низ дидан карданд.

Роҳбарони шаҳру навоҳӣ фаъолияти фермаи ширию молии «Афзали Зарзамин»-ро, ки аз ҷониби соҳибкор Абдулатиф Раҳмонов ташкил карда шудааст, мавриди назар қарор доданд. Иқдоми соҳибкор ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ташкили комплексҳои ширию гӯштӣ, ҳамунин ҷиҳати амалӣ намудани дастури роҳбарияти вилоят дар самти хушзоткунии чорво руи кор омада, бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст. Ба иттилои роҳбарияти корхона, феълан дар инҷо 320 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 124 сар чорвои зотии ширдеҳи симменталии олмонӣ нигоҳубин карда мешавад. Дар ин ҷо 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Аксари коргарон дар Олмон таҷриба омӯхтаанд. Иқтидори дастгоҳу таҷҳизоти ширҷӯшии корхона барои 324 сар моли калони шохдор пешбинӣ шудааст. Дар як шабонарӯз аз ҳар як сар модагов 26 литр ва дар маҷмуъ 1700 литр шир ҷушида мешавад.

 Абдураҳмон Қодирӣ пас аз боздид ба раисони шаҳру навоҳӣ супориш дод, ки ҷиҳати ташкили чунин фермаи инноватсионӣ дар минтақаҳояшон тадбир андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh