Эътирози мардум дар назди дафтари САҲА дар ш.Душанбе

Cубҳи 7-уми сентябр тахминан соатҳои 9 дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд. Шумори ин нафарон эҳтимолан дар ҳудуди 100 нафар буд ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

 

Ин нафарон бо шиорҳои маҳкумкунандаи ҲНИ ва раҳбари ин созмони террористӣ, инчунин навиштаҷоти мисли “Нест бод терроризм” дар назди дафтари САҲА дар Душанбе таҷаммӯъ карданд.

Ҳангоми пулис барои пароканда кардани ин афрод, асосан ҷавонон омаданд, модари Ҳусейн Абдусамадов - Гулчеҳра Шодмонова пайдо шуд ва дар ҳолати эҳсосот ва асабонияти зиёд нахуст САҲАро дар мизбонии Кабирӣ гунаҳгор кард.

“Ӯ гуфт, ки САҲА ба Кабирӣ минбар медиҳад ва ин одам дар гумроҳ кардани писари ӯ, ки дар ташкили амали террористӣ дар Данғара гумонбар мешавад, гунаҳгор аст”.

Наворро ин ҷо тамошо кунед: 

https://www.youtube.com/watch?v=ymzAyDmxeF0&feature=share

Add comment


Security code
Refresh