ВАЗЪИЯТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН. Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд

 

 

16-уми октябр бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маҷлиси фаъолони ВМКБ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд.

 

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ-Асосгузори сулҳу ваыдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатыои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар як сафари Пешвои миллат ба минтақаҳои гуногун кишвар дар пайи худ ободкориҳо дорад ва зимни сафари кории навбатии Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ,  аз ҷумла Корхонаи коркарди маъдан ва НБО-и «Тоҷикистон» мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маҷмуъ ҳангоми ин сафар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 адад иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногуни маблағузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои муаззами миллат ба рушду ободонии ин гӯшаи дурдасти кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.

Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов бо ёдоварӣ аз ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҷлили солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки ин боз як намунаи қадршиносии  Сарвари  давлат нисбати сокинони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин нақшаи неку созанда ҳар сокини солимфикри вилоятро водор месозад, то баҳри таҷлили сазовори ин ҷашни таърихӣ омодагии ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дида, дар вусъати корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ намоянд. Ҳамчунин ба хотири истиқболи арзанда аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар вилоят бунёду азнавсозии 90 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ дар назар аст.

Дар ин ҷаласа аз  он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки на ҳама сокинони вилоят ба ин дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бо самимияту садоқат ҷавоб мегардонанд. Даст задани қисмати муайяни ҷавонону наврасон ба ҷинояткориҳо, аз қабили нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, даст доштан дар гардиши ғайрищонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз мушкилоти асосӣ унвон карда шуда, таъкид гардид, ки ояндаи миллат аз дараҷаи дониш, шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи насли имрӯза вобастагии ҷиддӣ дорад.  Зикр карда  шуд, ки имрӯзҳо роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба тарбияи насли ҷавон таъсиргузор буда,  онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии ин гурӯҳҳо ҷавонон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

“Ҳарчанд аксари сокинони ВМКБ маърифатпарвару самимӣ ва меҳмоннавозу меҳнатдӯстанд, мутаассифона кирдорҳои шахсони алоҳида аз қабили даст доштан дар гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир, риоя накардани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ин мардуми банангу ори кӯҳистони тоҷикро аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ менамояд”,- таъкид дошт Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов. Зикр гардид, ки чунин амалҳо монеи рушду пешрафти минтақа гардида, онро даҳсолаҳои дигар ба қафо мебаранд.

Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2000-ум дар тамоми минтақаҳои ҷангзадаи ҷумҳурӣ чунин гурӯҳҳо барҳам дода шуда, барои вусъати корҳои созандагӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Мутаассифона, дар ВМКБ гурҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар баъзе ҳолатҳо аз роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нуфузи бештар доранд ва ин аз бемасъулиятиву бетарафии роҳбарон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар сохторҳои масъул гувоҳӣ медиҳад. Роҳбарони ин гурӯҳҳо бемонеа ҳангоми тақсими замин ба аҳолӣ, сафарбар намудани ҷавонони қобили хизмати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва дигар ҳолатҳо қонунҳои нонавиштаи худро амалӣ мекунанд, ки бори дигар аз таъсири онҳо ба ҷомеа шаҳодат медиҳад. Фаъолияти чунин гурӯҳҳо асосан дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа эҳсос мешавад ва ҷавонони зиёдеро ба сафи худ ҷалб намудаанд.

Бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини волоияти қонун дар ВМКБ ва асосан дар  шаҳри Хоруғ минбаъд нафароне, ки ба амалҳои ҷинояткорона даст мезананд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ барои ҷинояти содирнамудаашон ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт, зеро ягон кас ҳуқуқ надорад, ки ба хотири манфиати шахсии худ суботу оромии бо ҷонбозиҳои бемисл ба дастовардаи Пешвои   миллатро халалдор созад.

Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки дар давоми як моҳи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ихтиёран ба Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят 183 адад силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ супорида шуд, ки аз ин миқдор  75 адад автомати Калашников, 3 адад пулемёти Калашников, 30 адад норинҷаки дастӣ номгӯи нопурраи онҳоянд. Ҳамчунин ихтиёран ба мақомот ҳозир шудани қисмати муайяни нафароне, ки дар кофтуков қарор доштанд,  қобили зикр  аст. Ин амалҳои онҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар маҷмӯъ амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои  миллат ҷиҳати таъмини волоияти қонун аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ ва дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст.

Зикр шуд, ки аҳолии осоишта бояд аз фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини волоияти қонун ва ҳузури ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар таҳлука набошанд, зеро онҳо дар дохили мамлакат дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳуқуқи пурра доранд, ки дар мавзеъҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба мақсади таъмини тартиботи ҷамиятӣ амалиёт амалиет роҳандозӣ намоянд, ки ин аз амалиёти ҷангӣ ба куллӣ фарқ дорад.

Таъкид гардид, ки минбаъд бояд роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои дигари масъул, ки таъмини волоияти қонун аз онҳо вобаста аст, дар фаъолияти худ масъулияти боз ҳам ҷиддиро эҳсос намуда, баҳри вусъати корҳои ободониву созандагӣ шароити мусоид фароҳам оранд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон   аз талошҳои пайгиронаи Пешвои  миллат ҷиҳати таъмини суботу оромӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд ёдовар шуда, арз дошт, ки мутаассифона, шахсони алоҳида волоияти қонунро риоя накарда, аз он ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки ба рушди босуботи кишвари азизамон равона гардидаанд, носипосӣ мекунанд. Таъкид шуд, ки имрӯз давлат қодир аст, бо истифода аз имконоти воқеӣ волоияти қонунро дар ҳама гӯшаю канори кишвар ба пуррагӣ таъмин намояд. Ҷамъоварӣ гардидани миқдори муайяни силоҳ дар давоми як моҳ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар дасти аҳолӣ то ҳанӯз силоҳи ғайрищонунӣ мавҷуд аст ва то силоҳи охирин ҷамъоварӣ карда нашавад, дар бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта ҳарф задан бефоида аст.

“Аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар мавзеъҳои зери таъсирашон бо қонунҳои олами ҷиноӣ амал мекунанд, ки барои ҷомеа хатари ҷиддиро эҷод мекунад”,-изҳор дошт Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар баробари дигар қонунвайронкуниҳое, ки дар ҳудуди вилоят ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин шахсони алоҳида аз бонкҳои дар вилоят фаъолияткунанда миқдори калони маблағро чун қарзи бонкӣ гирифта, ба вуҷуди кайҳо гузашатни муҳлати пардохташон ин қарзҳоро ба бонк барнагардондаанд. Дар баробари ин масъулони як қатор бонкҳо бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ маблағи давлатро тасарруф намудаанд, ки боиси нигаронӣ ҳаст. Таъкид шуд, ки дар сурати дар фурсати кутоҳтарин барқарор накардани маблағҳои зикргардида нисбати шаҳрвандони мазкур  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда мешаванд.

Инчунин аз риоя накардани нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки баҳри дар амал татбиқ кардани бандҳои  қонунҳои мазкур тамоми аҳли ҷомеа бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки  бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони ВМКБ аз 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ Ситоди доимоамалкунандаи байниидоравии мақомоти таъминоти амният дар вилоят таъсис дода шуд, ки дар давоми як моҳ дар ин самт тадбирҳои ҷиддии амалиро роҳандозӣ намуд. Ҳалли пурраи камбудиҳое, ки зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баён гардиданд, муҳлати зиёдро тақозо дорад ва дар давоми як моҳ наметавон онҳоро ба пуррагӣ бартараф намуд. Ба таври комил аз таъсири гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ баровардани нафароне, ки солҳо бо онҳо ҳамкорӣ доранд, масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Вале ҷавобан ба он имконияте, ки Пешвои муаззами миллат дар боби бе анҷом додани амалиёти низомӣ таъмин намудани волоияти қонун дар вилоят фароҳам оварданд, ҳар яки мо бояд масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, ба пуррагӣ силоҳи дар дасти аҳолӣ мавҷудбуда ба сохторҳои дахлдор супорида шавад ва роҳбарону саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба ҳаёти муқаррарии осоишта бозгарданд.

Иштирокдорони машварат, ки аз табақаҳои гуногуни ҷомеа намояндагӣ карданд, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди босуботи ВМКБ изҳори сипос намуда, зикр доштанд, ки омода ҳастанд бо истифода аз нуфузу обрӯ ва таҷрибаи кору зиндагӣ дар таъмини волоияти қонун дар минтақа саҳмгузорӣ намоянд.

Гузориши видеоӣ:

 

https://youtu.be/jgNXx46uRSY - бо забони тоҷикӣ

https://youtu.be/6ftQ_ydilQs - бо забони русӣ

https://youtu.be/y9XfkA906AI - бо забони англисӣ

 

Add comment


Security code
Refresh