Усули тарси наҳзатӣ дар матлаби навбатӣ

 

 

 

Мурољиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон, ки дар робита бо тавтеаю дасисањои ТТЭ ЊНИ ироа гардидааст, боиси сарусадоњои расонаии њаводорони нањзатї гардидааст. Дар ин замина сомонаи нањзатї матлабе тањти унвони «“Шўрои уламо” аз Худо тарсад!» интишор додааст. Нањзатиёни мутаассиб аз ин усул – аз Худо тарсонидани мардум њамеша кор мегиранд.

Ин усул ва равиши таърихии рўњониёни мутаассибу љоњил дар тўли таърих буда ва њаст. Мутаассифона, ин равиш, бо назардошти њузуру нуфузи хурофоту љањолат дар љомеа дар бисёр маворид корсоз њам буда ва њаст. Аммо барои љомеаи муосири тољик ин усули «њидоят» аз муд афтидааст. Ба таври куллї, чанд воќеяитро вобаста ба матлаб бозгў мекунем:
Якум. Албатта, нањзатиёни фирорї, ки аз њисоби як идда љавонони гумроњ сафњояшонро пурра карданианд, саъй мекунанд, алайњи назароти мардумї ќад алам намоянд ва воќеиятњоро тањриф созанд. Дар ин амр хеле кўшиш мекунанд ва музахраф мебофанд. Чунин навъи муњокимаи музахрафро дар матлаби ахирї, ки дар њошияи Мурољиатномаи Шурои уламои Маркази исломии Тољикистон ироа гардидааст, метавон мутолиа кард. Муддаї бе њељ гуна далели мувассаќ ба домони ин ташкилаи динї-мазњабї мечаспад ва нањзатиёнро пуштибонї мекунад. Магар далоили ихтилофоти мазњабї, пањну мунташир кардани њар гуна иттилооти зиддидавлатї, аз марзи ислом ва минљумла исломи суннатї (мазњаби тасаннуни њанафї) фаро рафтан ва билохира њадафи султахоњиро дунболагирї намудан басанда нест? Кору фаъолияти ТТЭ ЊНИ дар хориљ аз кишвар ва пуштибонии баъзе созмонњои минтаќавї ва байналмилалї аз ин ташкилоти экстремистию террористї бозгўкунандаи онанд, ки ТТЭ ЊНИ маќсади ихтилоф андохтан ва ба ќудрат расиданро дунбол мекунад ва дар ин роњ аз њар василаи машрўъ ва номашрўъ истифода мебарад. Шиорпароканї ва фазлфурўшињое, ки тайи ду-се соли ахир рањбарияти фирории нањзатї дар хориљ аз кишвар сари минбарњои аврупої анљом медињанд, њадафманданд ва пушти ќазияи нањзатї, бидуни шубња, созмонњои вижа ќарор доранд.
Дуюм. Муаллифи матлаб кўшидааст, ки уламои суннатиро алайњи Шўрои уламо шўронад ва аз ин роњ оташи фитнаву кина ва адоватро миёни рўњонияти исломии дохил доман занад.
Чанд исми ба истилоњ, уламое, ки муаллифи матлаб мисол задааст, аз чумлаи рўњониене буда ва мебошанд, ки њаргиз ѓами мардуми мусулмонро нахўрдаанд ва намехўранд ва агар ба њаводиси солњои навадуми садаи бист ва фазои мазњабии ибтидои асри бисту як љиддї таваљљуњ намоем, пай хоњем бурд, ки як гурўњи рўњонияти суннатї, ислоњотхоњ ва муњофизакор, ки бо нањзат иртиботи бевосита ва бавосита доштанд, дар зери суол рафтани низоми давлатдории дунявї ва пахшу интишори аќоиди ифротии динї-мазњабї сањми бевосита доштанд. Онњо на танњо роњи ихтилофоти мазњабиро нагирифтанд, балки бо мавъизоти хушк ва матолиби хурофотии худ монеи озодандешї ва рушди тафаккури дунявї, ки низоми ќонунии сиёсї ва давлатї буд, гардиданд. Аз ин љост, ки љонибдорони ин навъ рўњониён имрўз низ талош мекунанд, ки ТТЭ ЊНИ-ро дар симои фаришта бинамоёнанд ва мардумро дубора гул бизананд.
Сеюм. Маќомоти зиддахли давлатї (агар манзур КДАМ, ВКД бошад) њељ гоњ алайњи дину мазњаб нашўридааст, баръакс, онњо бар муќобили нафарон ва ташкилоте мубориза бурда ва мебаранд, ки дину мазњабро василаи касби ќудрат ва фиреби мардум карда, аз ин њисоб нони муфт мехўранд. Магар ин кор, ки вазифаи аслї ва њирфаии масъулини маќомоти њифзи њуќуќ аст, гуноњ аст? Дар кадом давлати дунё дидаед, ки маќомоти марбутаи давлатї алайњи муфтхўрони мазњабї ва динї, ки дину мазњабро абзори сиёсї ва иљтимої кардаанд, мубориза набурдааст? Дар њељ љойи дунё ин тур нест. Ин нањзат аст, ки њамеша тавтеа, дасиса, иѓво дуруст мекунад ва аз пайи сиёсї кардани дину мазњаб мегардад. Агар чунин аст, маќомоти давлатї муваззафанд, ки алайњи бедодињои нањзатї, ки њосили шуми онро ибтидои солњои навадуми асри бист дидаем, мубориза бубаранд, дар акси њол, ин гуна маќомот ба кї даркор аст?!
Ва нињоят, он чи ки дар Мурољиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон дарљ гардидааст, баёни вазъи мављуда аст ва дар нољурии авзои мазњабї ТТЭ ЊНИ муќассир мебошад ва ин нуктаи калидиро нињоди мазњабї бо далелњо манзур сохтааст. Воќеият њамин аст, он ба пазируфтан ва напазируфтани ТТЭ ЊНИ бастагї надорад, чунки пушташ таърихи зиндаи мардум ќарор гирифтааст.

Фаридун Ориёї

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh