Ба ҳар сурат, ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ

 

Бо расонаӣ гардидани иттилоъ бобати он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузорӣ муқаррарот бобати маҳдудият дар робита ба занони сатрпӯш ҷорӣ мешавад, сӯзиши шадиди “пӯшт”-и Муҳаммадиқболи  Садриддин шадидтар гардид. Ин бахтбаргашта масъаларо ончунон “ливо” кардан дорад, ки як идда ашхоси ноогоҳ ӯро шояд ҳомиии зану модари тоҷик пиндоранд. Ба ҳеҷ ваҷҳ чунун набуд нест.

 

Муҳаммадиқбол (минбаъд Иқболи беиқбол) ба сатр “майл”-е, ки аз хурофот маншаъ гирифтааст, дорад. Ин аст, ки тамоми хонумоҳои худ, ҳатто яке аз занҳояш Ш-и аврупоипӯш ва бо мардони зиёд равобитдоштаро сатрпӯш кард. Доир ба ин масъала – ахлоқи Иқболи беиқбол зиёд метавон гуфт ва дар ин ҷода ба ҳеҷ ваҷҳ ба камбуди далел мувоҷеҳ нахоҳем шуд. Вале мо инро камоли мардонагӣ намедонем, дар ҳоле ки “чену бар” кардани олоти таносули дигарон аз аъмоли дӯсдоштаи мухотаби мо  аст.

Иқболи беиқбол бояд беҳтар аз дигарон донад, ки кулли ибтикори дар робита ба либоспӯшии занони тоҷик аз ҷониби сохторҳои дахлдор амалигардида ҷанбаи ахлоқӣ дошта, рабте ба исломбадбинӣ надорад.  Далели бебас аст, ки болоравии ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон, ки меҳвари он хурофот аст, метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Бо дарки масъулият метавону гуфт, ки дар баробари омилҳои дигар, аз қабили тақлид ба тарзи либоспӯшии ба анъанаҳои мо носозгор, таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ва ғайра рӯ ба чунин тарзи либоспӯшӣ овардани як идда бонувони тоҷик аз  заифиродагӣ ва хурофотпарастии мардоне чун  Икболи беиқбол  сарчашма гирифтааст.

Шахси мавриди назари мо чаро аз он ёдовар намешавад, ки ба шарофати чунин хурофотпарастӣ аз як миллиарду чорсад миллион мусулмони олам 800 миллион нафарашон бесаводанд. Иқболи беиқбол бо ибрози сафсатаҳояш бори дигар собит намуд, ки таърих ва моҳияти чунин тарзи либоспӯширо намедонад.   Агар ин раванд пешгирӣ намешуд, як гурӯҳи  занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохтанӣ буданд. 

Аслан, њаргиз нияти  вокуниш зоњир намудан ба андешањои сафсатаомез ва аз њаќиќати воќеї фарсахњо дури номбурдаро надоштам. Зеро, тавваљљуњ ба ин гуна сафсатањо сарфи бењудаи ваќт ва харљи барабаси неруи зењнї аст, на чизи дигар. Вале ҷилваҳои ин бахтбаргашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сафсатапароканиаш  ки марзи касбияту одамиятро даѓалона убур менамояд. водор намуд, ки чанд андешаро, ки дар муќоиса бо суханони пойдарњавои мавсуф асоси воќеї дорад, пешнињоди хонандагони закї намоям.

Њар инсони солимфикр њанўз аз лањзањои дарк менамояд, ки суханони Иқболи беиқбол дар ягон ќолаб ва меъёрњои инсонї намеѓунљад.

Ногуфта пайдост, ки пешравињои кишвари азизи мо барои чунин нафарон мисли кордест, ки ба гушту нохунашон расидааст, хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабењ аст, ки дар гулуяшон дармонда. Табиист, ки  бо њар роњу васила мехоњанд аз ин раванд интиќод кунад.

 Дар маљмўъ, амалњои ин қабил «душманї бо офтоб аз аблањист»-ро мемонад.  Итминонам комил аст, ки агар дар садри давлати Тољикистон аз арши аъло фаришта ќарор дошта бошад, њам  барояшон ба њељ ваљњ маќбул нахоњад буд.  Ҳазёнгуиҳои Иқболи беиқбол бароямон падидаи нав нест.  Дар заминаи ироаву ибрози  «назар» и хеш, ки асалан барои ин нафар падидаи маъмулї ва амри муќаррарист, мехоњад мунтазам худро њамчун чењраи хабарсоз расонаї кунад. Муътаќидам, ки њадаф аз  ин иќдом низ танњо бори дигар аз худ «дарак» додан ва ба мањзари ом гузоштани хеш њамчун «ситораи тобнок», аз хеш љабрдида «тарошидан»  аст, на чизи дигар… Ба ибораи дигар,  «муќтазои табиаташ ин аст» ва «дарди кампир ѓўза».  Бидуни шубња мегўям, ки барои Иқболи беиқбол омилњои зикршуда, аз љумла эътироз ба  ин ё он масъала танњо василае барои худнамої  ва мавриди таваљљуњи расонањо ќарор гирифтан асту халос.

Он рӯз дур нест, ки Иқболи беиқбол дар идомаи он ибтикоре, ки ба бардошта шудани парда аз симои манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ЊНИ  рабт дорад, аз мавќеъгирињои ќаблиаш  пушаймон шавад. Ба касе пӯшида нест, ки ин содаро нањзатињо хеле моњирона гул заданд.  Ин беиқбол то ҳанӯз дарк накардааст, ки нањзатињо нафароне нестанд, ки «бо онњо ба разведка рафтан шояд». Вале ба њар сурат, «сари кафида зери тоќї» ва «туф кунам ба болои худам меафтад» гуфтагї барин, хомуширо ихтиёр карда, “фаъолият” дорад. Дер ё зуд номбурда дарк хоҳад кард, ки дини ислом барои роњбарон ва аъзои ТТЭ ЊНИ василаи расидан ба мансаб ва амалї намудани маќсадњои нопок мањсуб ёфта, дар ин љода арзишњои инсонї ва њуќуќу манфиатњои дигарон «як пули пучак» арзиш надоштанду надоранд.

Муҳимтар аз ҳама, њамагуна кўшиш љињати љалби таваљљуњи мардум, тавассути аз худ  њамчун бечора  дарак додан дигар умуман натиља намедињад.  Ин њаќиќатест, ки Иқболи беиқбол ва ба ў монандњо дарк намуданашон зарур ва ногузир аст. Ба қавли Бедил:

 

Ҷаҳон дори мукофот асту дорад табъи оина,

Ба ҳар сурат ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ.

 

 

Add comment


Security code
Refresh