Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад.

Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар ин бора донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осорулбоқия» бо истинод ба Алӣ бинни Яҳё меоварад, «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Дар асари дигараш «Ал-тафҳим» менигорад: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросимҳои гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст.

Наврӯз ягона ҷашни миллии мост, ки тайи ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашомату азамати хешро нигоҳ дошта меояд. Ин ҷашни ниёконамонро аҷнабиён ҳатто натавонистанд дар давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорати ориёитаборон аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ тайи ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд. Бо ҳама фишору таҳдидҳо аз таҷлили ин ҷашни зебо даст накашидаанд. Бо сахтгириҳо тоҷикон ба ҳар навъе онро аз нобудӣ нигаҳ дошта, дигарбора эҳё намуданд.

Дар бораи ҷашни Наврӯз ривояти зиёде мавҷуд аст. Масалан, Берунӣ дар «Алосорулбоқия» зикр мекунад, «Оварданд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадия бурданд. Он ҳазрат пурсид: «Ин чист?». Гуфтанд: «Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?». Фармуд: «Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, бимиред, пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст». Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд» (Алосорулбоқия, с. 230). Чунин ривоятҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз ҳамчун ид дар замонҳои қадим ҷашн гирифта мешуд ва иди лоиқи ҷашнгирӣ буд.

Рустам Раҳимов

Add comment


Security code
Refresh