Баргузории семинари вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах
12 апрели соли 2021 дар шаҳраки Сайҳун семинари вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах доир гардид.
Семинари мазкур бо мақсади таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд “Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” аз 20 январи соли 2021 ва нақшаи кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо ва чарогоҳҳо аз ҳашароти зараррасони малах, баланд бардоштани сифат ва ҳосинокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир маҳсуб меёбад.
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
13 апрели соли 2021
Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.
Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.
Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 то 11 апрели соли 2021 зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти як қатор иншооти маъмурӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, кору хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, ки ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидаанд, ифтитоҳ бахшида, бо сокинону фаъолон мулоқоту суҳбатҳои самимию созанда анҷом доданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд
10 апрел дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 2 моҳи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Улёҳазрат,
Хабари даргузашти ҳамсари арҷманди Шумо — Волоҳазрат, Шоҳзода Филипп, гертсоги Эдинбург боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Матолиби бештар...
- Хуҷанд: Маркази тиббии оилавииa дандонпизишкии “Сифат” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
- Хуҷанд: Қаҳвахонаи «Ҷавонӣ» ифтитоҳ гардид
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд