Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар Хуҷанд 170 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд
Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон шудааст, корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дорад.
Дар доираи иқдоми мазкур имрӯз дар гулгаштҳои маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар се мавзеи шаҳр, аз ҷумла гулгаштҳои назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди фермаи чорводорӣ дар ноҳияи Айнӣ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ бо рафти бунёди фермаи чорводорӣ шинос гардид.
Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар иҷрои “Барномаи маҷмӯъавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар ноҳия ферма ташкил гардида, дар он парвариши чорвои калон ба роҳ монда мешавад. Тибқи лоиҳа дар ферма 200 сар чорвои калон парвариш карда шуда, барои афзун намудани саршумору маҳсулнокии чорво, инчунин таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир чораҷӯӣ карда мешавад.
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Айнӣ
4 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафар карда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардид.
Чуноне зимни сафар ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифодадиҳии 499 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 414 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
Ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон 16 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн супорида шуд
5 январи соли 2021 дар доираи лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Деваштич 9 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн ва ба хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон 7 адад трактори тамғаи МТЗ супорида шуд.
Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири кишоварзии мамлакат Сулаймон Зиёзода ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» иштирок доштанд.
ГӮСОЛАПАРАСТӢ ҶУЗЪИ ФАЛСАФАИ ВУҶУДИИ МУҲАММАДИҚБОЛ
Он ҳама шӯъбадаҳо ақл, ки мекард он ҷо,
Сомирӣ пеши «асо»-ву «яди байзо» мекард.
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Ин ҷо Хоҷа Ҳофиз талмеҳан ба мӯҷизаҳои Мӯсо онҳоро ба шӯбадбозиҳои ақл ва чашмбандли яҳуд сомирӣ, к ибо соҳирӣ дар муддати ғайбати Мӯсо мардумро гумроҳу гӯсолапараст карда буд, муқобил гузоштааст.