Майдони кишти пахта дар ноҳияи Ашт нисбат ба соли гузашта 700 гектар зиёд шудааст
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Рахшона” шинос шуд.
ҶДММ “Рахшона” 414 гектар замин дошта, дар 302 гектари он пахта, дар 47 гектар ғалладонагӣ, дар 63 гектар юнучқа ва дар 2 гектар полезӣ парвариш мекунад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нашъунамои имсолаи пахта дар ноҳия хуб аст. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи тухмиҳои хориҷаи серҳосил бозгӯи он аст, ки хоҷагидорони ноҳия соли равон ҳосили фаровонро интизоранд.
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз мавзеи аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Пунук дидан намуд.
Бояд гуфт, ки санаи 24 июн дар натиҷаи боришоти зиёд дар сойи Пунук сел омада, ба сокинони ду тарафи он хисороти моддӣ расонид. Маълум гардид, ки офати табиӣ ба 11 манзили истиқоматии сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук қисман зарар расондааст. Сел ҳамзамон 3 километр роҳ ва 55 замини наздиҳавлигиро қисман вайрон карда, як кӯпруки маҳаллаи Толонакро пурра корношоям намудааст. Офати табиӣ ду автомашинаи сабукрави сокинони ин ҷамоатро низ бо худ бурдааст.
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти саҳҳомии “Кони намак”-и ноҳияи Ашт
Санаи 4 июли соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод.
Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ашт аз шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истеҳсоли намак дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод оғоз ёфт. Дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии “Кони намак” соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтаас, ки бо сохтани коргоҳи муосир хатти наву замонавии истеҳсолиро фаъол намояд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолшаванда ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва тавассути таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ коркард хоҳад шуд. Корхонаи “Кони намак” маҳсулоти хешро асосан бо тамғаи “Экстра”истеҳсол намуда, наздик 80 дарсади он барои содирот пешбинӣ мешавад.
Шиносоӣ бо рафти корҳои бунёдкорӣ
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент, ки санаи 29 июн сурат гирифт, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин бо рафти корҳои ободонӣ шинос гардид.
Ба муносибати Соли ҷавонон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нақша дорад, ки дар хиёбони Рўдакии маркази шаҳр бинои боҳашамати Маркази ҷавононро бунёд намояд. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар ин иншоот мавриди назар қарор дод. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент ва пудратчии он ҶДММ “Манора-2014” мебошад. Иншоот бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ дар ҳаҷми наздик 7 миллион сомонӣ сохта шуда, мувофиқи нақша он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар дохили бино идораҳои бахши ҷавонони шаҳр, рўзномаву телевизиони маҳаллӣ ва дигар сохторҳо, толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ҷойгир карда мешаванд.
Дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ
Санаи 26 июни соли 2017 тақрибан соати 17 дар натиҷаи бориши зиёди борон дар деҳаи Амондараи Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омад.
Офати табиӣ асосан ба истиқоматкунандагони ду тарафи сойи Амондара зарари калони моддӣ расонид. Макони ҳодиса фавран мавриди таваҷҷўҳи мақомотҳои дахлдор қарор гирифт. Бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо гурўҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, аз ҷойи воқеа дидан карданд. Маълум шуд, ки офати табиӣ асосан ба манзилҳои истиқоматӣ, майдонҳои кишт, хатти барқу оби нўшокӣ ва роҳҳо зарар расонида, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.