Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони саодатманди вилоят сидқан табрику муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек мувафаққиятҳои шоистаро таманно дорам.
Ин санаи фархундаро ҷавонони мамлакат бо рӯҳияи болидаву дили пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат дар арафаи ҷашни мубораку муқаддаси 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарбаландона таҷлил намуда, меҳру садоқати бепоёни худро бори дигар нисбат ба Ватан ва арзишҳои он нишон медиҳанд.
Иштироки беш аз 84 000 нафар сокинони вилояти Суғд дар чорабинии варзишии Рӯзи Дави миллӣ
Санаи 21 май дар маркази вилоят чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва беш аз 15 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Ин чорабинии варзишӣ имсол аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, ба воситаи кӯчаи Сирдарё то назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт. Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Рӯзи Дави миллӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ аз соли 2007 инҷониб баргузор мешавад.
Абдураҳмон Қодирӣ Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт
Санаи 12-уми майи соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатиповро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбати ҷонибҳо масоили гуногун, аз ҷумла, рушди ҳамкориҳо миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз рушди ҳамкориҳои мутақобилаи ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд ва доир ба вазъи имрӯзаи иқтисодии минтақа маълумот дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар натиҷаи андешида шудани тадбирҳои муҳим дар хоҷагии халқи вилоят пешравиҳои назаррас ба амал омадааст.
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Шашмақом
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аҳли ҳунару санъатро бо Рӯзи Шашмақом сидқан табрик ва муборакбод намуда, саломатӣ, барори кор фатҳи қуллаҳои баланди эҷодиро таманно менамоям.
Дар хазинаи мадании мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати шашмақом қиматтарин дурри гаронбаҳо буда, онро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо ғанӣ гардонидаанд.
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарафманди вилоят табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хушбахатии оилавӣ, бахту саодати зиндагиро таманно менамоям.
Оила воҳиди муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, асоси онро ташкил мекунад. Ҳамаи пешравию муваффақиятҳои инсон маҳз аз оила сарчашма мегирад. Бинобар ин, фазои оила бояд иборат аз меҳр ва муҳаббат, фидокорӣ ва гузашт, самимият ва гармӣ бошад.