Сипоснома ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ
Намояндагони аҳли деҳаи Хиштхона, собиқадорони меҳнат, муаллимону хонандагон аз ғамхориҳои рӯзафзуни Шумо дар рушди соҳаи маориф ва дастгирии бевоситаи Шумо хеле мамнунанд.
Сафарҳои кории Шумо буд, ки ба кори сохтмони мактабамон нерӯи нав бахшид. Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2014 аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти «Суғдшаҳрофар» бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии «Парвина»-и ноҳияи Ашт дар мӯҳлати пешбинишуда ба истифода дода шуд. Ин боиси хушнудии сокинони деҳа гардид. Аҳли ҷомеаи меҳнатии мактаб нисбат ба ғамхориҳо оид ба мустаҳкам шудани заминаи моддӣ - техникӣ, сатҳи донишомӯзии хонандагон рӯҳбаланд гардида, баҳри пешрафти босуботи соҳаи маориф софдилона саҳм мегузоранд.
Бунёди боғҳои интенсивӣ: манфиат ва сарфакорӣ
Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва фарогирии мардуми деҳот бо ҷойи корӣ мусоидатгар маҳсуб меёбад.
Дар Паёми худ Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Рамон аз 23 январи соли 2015 рушди соҳаи боғу токпарвариро дар ҷумҳурӣ аз омилҳои асосии баландшавии иқтисодиёт маънидод намудааст. Баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми Раиси вилоят бобати бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи Сомғор зиёда аз 1000 гектар бо усули обёрии қатрагӣ корҳои зиёде иҷро мешавад.
Шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”
Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни як боздид бо ҷараёни корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву гулпӯшнамоӣ ва фаъолияти Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” шинос шуд.
Зимни боздид Раиси вилоят сараввал вориди Осорхонаи таърихии вилоят шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин боргоҳ наздик 2000 нигораҳо маҳфуз буда, таърихи дирӯзу имрӯзи халқи тоҷикро инъикос менамоянд. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мақоми сазовори худро касб намуда, сол аз сол ташрифи сайёҳон ба ин кишвари зебоманзар зиёд мегардад. Айни замон кормандону мутахассисони осорхона дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят боз як толори навро, ки минбаъад дар он либосҳои миллӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ҷой дода мешавад, омода месозанд. Раиси вилоят зимни шиносоӣ дастур дод, ки бояд дар ин толор сару либос ва ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик аз даврони қадим то ба имрӯз ба таври хоса ва дизайни ҷолиб ҷой дода шавад то ҳар як меҳмон бо урфу одат ва маданияти волои тоҷикон ошноӣ пайдо намояд. Ҳамзамон роҳбаладон низ ба худ сару либоси миллиро ба бар намуда, тариқи ду се забон гуфтугӯ намоянд ва ҳар як меҳмони ташрифоварда бо таасуроти рангин аз ин макон берун шавад. Дастур дода шуд, ки толори мазкур бояд то моҳи августи соли равон ба фаъолият шурӯъ намояд ва барои ин роҳбарияти вилоят ҳамаҷониба осорхонаро дастгирӣ менамояд.
Каҷравӣ баъди ҳаҷравӣ
Баъди он ки синни ба ҳаҷравӣ аз 40-солагӣ боло муқаррар гардид, аксар сокинон лаб ба шикоят кушоданд, ки гӯё чунин иқдом ҳуқуқи фитриашонро зери по мекунад. Аммо, ҷанобон, ҷавонҳоҷиён, хонумон ва ҷавонҳоҷиояҳо! Магар дилатон тоқат мекунад, ки шумои ҷавон даҳҳо маротиба ба ҳаҷ раведу бечора пирсолони фартуту назор дар ҳасрати интизори навбати ҳаҷ ба он дунё раванд? Оё ҷанобон ва хонумон, магар кафолат доред, ки баъди адои ҳаҷ даст ба гуноҳе намезанед? Ҳол он ки шарти ҳаҷ ин аст, ки баъди соҳиб шудан ба унвони «ҳоҷигӣ» набояд мубтакири гуноҳ шуд. Аммо мутаассифона, ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки баъзе ҳоҷиёни ҷавон баъди адои ҳаҷ ба гили гуноҳу фисқ ғарқанд, ки аз онҳо танҳо номи «ҳоҷигӣ» мондаасту халос.
Навбати ман ҳам омад, Модар!...
Хоки поки Ватанро содиқона муҳофизат мекунем, Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии мост! - Бо чунин шиору овезаҳо ҷавонони шуҷоатманду далери вилояти Суғд, баҳри хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми он дар Амфитеатри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада буданд.
Дар ин рӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз иқдоми наҷиб ва ватандӯстонаи ҷавонони вилоят изҳори хушнудӣ намуд. Ҳамчунин, зикр дошт,ки ҷавонони бонангу номус ва шуҷоатманди вилоят, имрӯз қарзи шаҳрвандии худро дарк намуданд ва дар рӯзи аввалин гусели наваскарон 62 фоизи нақшаи даъват таъмин гардид. Самараи пойдории сулҳу ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳсипор шуда истодаанд, қайд намуд Раиси вилоят. Зеро онҳо аз шароити хуби хизмат огоҳанд.