Ифтитоҳи корхонаи коркарди нафти «Нафтрасон» дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом
Ҳар як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ пайки шодию нишот ва оғози корҳои ободонию созандагист.
Дар шаҳри Конибодом сокинон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар ин рӯз Пешвои миллат, дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон, ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.
Ба истифода супоридани маҷмааи корхонаҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара
Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷмааи корхона ва муасиссаҳои хизматрасонӣ ташриф овард. Сокинони шукргузори шаҳри Исфара Пешвои миллатро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Пеш аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар маркази мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти он дар вазъиияти тантанавӣ оғоз бахшид.
Иштирок дар ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал овард.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони ин иншоот дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» амалӣ гардид.
Пардабардорӣ аз рӯи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ
Дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуд.
Тавре маълум гардид, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хиёбони марказӣ дар шафати боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳрак бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии Муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ бо таҳкурсиаш 12 метрро ташкил медиҳад ва он аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев сохта шудааст.
Гузоштани санги асоси бунёди шаҳраки «Меҳробод» дар ноҳияи Мастчоҳ
Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошт.
Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, шаҳраки нав дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Суғдиён» бунёд меёбад.
Нақшаи генералии шаҳраки «Меҳробод» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Тибқи нақша дар шаҳраки «Меҳробод» 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад.
Матолиби бештар...
- Ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Андарвашти деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ
- Шиносоӣ бо корҳои бунёди 100 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Ифтитоҳи корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Оғози сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд