Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ
28 декабр дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури ғолибони озмунҳои вилоятии “Мақолаи беҳтарин”, “Озмуни вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон”, “Донишҷӯи сол-2020”, “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят-2020” ва “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020” иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон аз Федератсияи Россия мулоқот кард
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон аз Федератсияи Россия, ки дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба таълиму тадриси толибилмон машғуланд, мулоқот намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм 14 нафар омӯзгорони рус дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят аз фанҳои забон ва адабиёти рус, биология, кимё, математика, алгебра, геометрия, технологияи иттилоотӣ, география ба хонандагон дарс мегӯянд.
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат намуд
26 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат кард.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернатро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбон пайваста дастгирӣ карда мешаванд ва ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард
26 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстонро аёдат намуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоӣ онҳоро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021 табрик намуда, зикр дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд.
Ярмарка ба муносибати Соли нави мелодӣ
Бо мақсади фаровону дастрас намудани дастархони солинавии мардум дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии навбатӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил ва дар он анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.
Субҳи дируз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни ташкили ярмарка боздид намуданд.
Матолиби бештар...
- Раиси вилоят дар шаҳри Бӯстон бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд
- Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат
- Хуҷанд: Дар майдони Парчами давлатӣ дарахтони нодири бисёрсола шинонида шуд
- Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти рўзмарраи кормандони идораи партовкашонӣ шиносоӣ намуда, ба онҳо кўмакҳои ғизоӣ расонд