Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур мулоқот намуданд
21 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, ҳамлу нақли транзитию нақлиётӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ манфиатдор аст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди туризми минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо зиёиёни вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар маркази ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи вилояти Суғд суҳбати самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиён, аз ҷумла адибонро дар васфи зебоиҳои сарзамини аҷдодӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат, тарбияи насли оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ махсус қайд карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷурабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис»-и ноҳияи Деваштич боздид намуданд
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” ва Ҳоҷӣ Абдуворис” шинос шуда, бо мардони рӯзгордида, деҳқонони асил суҳбат намуданд.
Дар ҳар ду хоҷагӣ деҳқонон ба кишти полезӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Деваштич мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъиноти гуногун бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои истиқболи самимӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, изҳори сипос карданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд
Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии майдони боғи назди Парчами давлатӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад.
Матолиби бештар...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд
- Ба истифода додани шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии «Ҳазорчашма-Ғончӣ» дар ноҳияи Деваштич
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази адлияро дар ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Нозироти андози ноҳияи Деваштичро ифтитоҳ намуданд