Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Хабарҳо

Маводҳои охирон

  • Иғвогарии ТЭ «Гуруҳи 24» дар фазои маҷозӣ
  • Салафия душмани давлатҳои демократӣ
  • Дар ҳифзи Ватан устувор бошем
  • Пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ дар замони муосир
  • Бани одам аъзои якдигаранд…
  • Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм
  • Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ  ва худшиносии миллӣ
  • Терроризм ва экстремизм: хатар ба амнияти ҷомеа
  • Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!
  • Амният ва ободии Ватан

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ШАРИФОВА МАВЛУДА

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Истаравшан

Информация о материале
Опубликовано: 14 октября 2026
Просмотров: 90

Истаравшан шаҳри кайҳонӣ бувад,

Посдори хулқи раҳмонӣ бувад.

 

Маскани ҳар илму ирфон бошад он,

Зеби шеъру зеби дастон бошад он.

 

Толеи фаррух насибаш гаштааст,

Мардуми олам ҳабибаш гаштааст.

 

Шаҳри мо кони мелоҳат буду ҳаст.

Олами ҳусну тароват буду ҳаст.

пурра ...

Навбат

Информация о материале
Опубликовано: 14 октября 2026
Просмотров: 82

(ғазал)

Гар сарат аз авҷи нусрат то Суҳо* ҳам мерасад,

Аз тағофул зери по бими бало ҳам мерасад.

Ҳар дақиқа мекунад шайтони малъун васваса,

Хайрият, бар дафъи он фавзи* Худо ҳам мерасад!

Чун бишуд пажмурда   гулҳои муаттар аз самум,

Дар гулистони Шумо боди сабо ҳам мерасад!

Офтоби меҳрубониҳост дар рӯзи умед,

Дар шаби қадри висолаш маҳлиқо ҳам мерасад.

Барчашидӣ талхии ҷабру ҷафои бешумор,

Оқибат, ширинии аҳду вафо ҳам мерасад.

Гоҳ арози беасосу гоҳ рашки бесабаб,

Гар ситеза дур шуд, нозу адо ҳам мерасад.

Лаҳзаҳои интизорӣ пучу беҳосил гузашт,

Рӯзгори файзбахшу пурбаҳо ҳам мерасад.

Дар муҳити зиндагӣ раҳгумзанӣ бераҳнамо,

Киштият омода бошад, нохудо  ҳам мерасад.

Ин дарахти босамар аз баҳри ҳар кас сархам аст,

Бар чунин шохи сахо дасти  гадо ҳам мерасад.

Байни ушшоқаш ту ҳам кардӣ висоли ӯ талаб,

Сабр кун, охир  Ҷило, навбат ба мо ҳам мерасад.

Эзоҳ:

Суҳо – ситораи дури дастнорас

Фавз – ғалаба, пирӯзӣ, наҷот

Сайидамин ҶИЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

Иқтидори сайёҳӣ ва роҳҳои нав

Информация о материале
Опубликовано: 14 октября 2026
Просмотров: 103

Суғд аз минтақаҳои дорои иқтидори баланди сайёҳии кишвар ба шумор меравад. Бо табиати нотакрор, кӯҳҳои азимҷусса, кӯлҳои зебоманзар ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ин минтақа метавонад таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб намояд.  Қалъаи Хуҷанд,  Саразми бостонӣ,  Ҳафткӯл, обанбори Баҳри Тоҷик  ва осоишгоҳҳои “Авис-сити”-ву  “Баҳористон” аз мавзеъҳое мебошанд, ки метавонанд таваҷҷуҳи меҳмонони дохилию хориҷиро ҷалб намоянд.  Ҳар кадоми онҳо хусусият ва ҷозибаи хоси худро доранд:  яке аз таърихи чандинҳазорсолаи минтақа қисса мекунад, дигаре бо манзараҳои табиӣ ва имкониятҳои истироҳатӣ маъруф аст.  Маҳз ҳамин гуногунрангӣ имкон медиҳад, ки дар вилоят хатсайрҳои таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва фароғатӣ рушд ёбанд.

Яке аз мавзеъҳои ҷолиби табиии вилояти Суғд Ҳафткӯл мебошад, ки бо номи кӯлҳои Марғзор низ маъруф аст.  Ин силсилакӯлҳо дар кӯҳистони Фон, қаторкӯҳҳои Зарафшон, дар ҳудуди водии дарёи Шинг ҷойгир шудаанд.  Манзараҳои кӯҳӣ, обҳои шаффоф ва рангорангии кӯлҳо ба ин мавзеъ ҳусни хос бахшида, онро ба яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил додаанд.

пурра ...

Шукўҳи Ватан!

Информация о материале
Опубликовано: 08 октября 2026
Просмотров: 228

Бинозам зи номи баланди Ватан,

Шукуҳи самоӣ дар ин анҷуман.

 

“Дигар Кохи санъат наёбад газанд”,

Ки дорад ҳунар эътибори баланд.

 

Зи субҳи сафои дурахши Ватан,

Забон аз дилу ҷон бигӯяд сухан.

 

“Ҳар он кас, ки доно, тавоно бувад”,

Ҳунарманд хуршеди фардо бувад.

пурра ...

Страница 1 из 53

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10

Раиси вилояти Суғд
Раҷаб Аҳмадзода

Навид

Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.