Рушди саноат - қадаме ба сўи ояндаи устувор
- Информация о материале
- Просмотров: 24
Cафари охирони корвони журналистон таҳти унвони «Суғд дар 35 соли Истиқлол» ба ноҳияи зебоманзари Айнӣ рост омад. Ҳайати намояндагони ВАО-ро шахсан раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо самимият пешвоз гирифта, дар оғози суҳбат чунин гуфт:
- Имрӯз нишондодҳои соҳаҳои саноату кишоварзӣ гувоҳӣ он аст, ки ноҳияи Айнӣ ҳамчун минтақаи саноатӣ рӯ ба рушд аст. Агар дар 9 моҳи соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 294 миллион сомонӣ баробар шуда бошад, пас маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 7, 8 миллиард сомонӣ расид. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 30 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Мардуми сарбаланди ноҳия шукрона доранд, ки дар фазои амну осоишта вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ рӯз аз рӯз беҳбуд дорад. Онҳо дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариш додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми калон мегузоранд.
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсия
- Информация о материале
- Просмотров: 25
Таҳкимбахшони давлатдорӣ
Устувонаи Куруши Кабир (Эъломияи Куруш) ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон дар таърихи башарият шинохта шудааст ва маҳз ҳамин нуқта пули мантиқӣ ба сӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро меҳвари ҳар як конститутсияи демократӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қутбнамои давлатдории навин ва паймони умумимиллӣ дар ҷомеа нақши марказӣ мебозад. Ҷавҳари инсонпарваронаи ин санади олӣ решаҳои амиқ дар Устувонаи Куруши Бузург дорад, ки принсипҳои озодии эътиқод ва дахлнопазириро эълон карда буд. Барои амиқтар дарк кардани ин падида, зарур аст, ки ба таърих ва моҳияти вожаи конститутсия назар андозем. Истилоҳи «Конститутсия» аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, маънояш «муқарраркунӣ», «сохтор» ва «барпо намудан» аст.
Истиқлоли миллӣ ва фурўғи офтоби маънавии тоҷикон
- Информация о материале
- Просмотров: 21
Истиқлоли миллии тоҷикон, ки аз ҳузури он 35 сол сипарӣ гардид, дастоварди беназири таърихӣ ба шумор рафта, барои мардуми кишвари мо дар заминаи ривоҷи барномаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ саодатҳои афзуне тақдим намудааст. Дар заминаи ин саодатҳои моддиву шарофатҳои маънавӣ кишвари азизи моро роҳе равшану пайдо ба сӯи комгориҳои бешумор ҳосил кардааст. Бешак, таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ тавассути қудратбахшӣ бар истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ҷараён пайдо намуд, ки он ба барномаҳои бузургу созанда ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад.
Мардуми тоҷик низ ҳамеша шукргузор ҳастанд, ки тавассути раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои созандагӣ, ибтикороти зебоиофарин, ташаббусҳои шоён ривоҷ касб намуда, саросари Тоҷикистони азиз ободу шукуфову зебо мешавад.
Пайванди устувори содирот ва такони нав ба рушди саноат
- Информация о материале
- Просмотров: 170
Маросими 5 - умин ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон" бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар ин тадбири муҳим намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Агентии содирот, вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд. Озмуни мазкур дар доираи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2030 бо ҳадафи таъмини рушди устувори содирот аз рӯи 9 номинатсияи соҳавӣ доир шуда, 61 ширкати ватанӣ ғолиби он гардиданд.
Роҳбарияти Агентии содирот аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати мол ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои шартномавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, зеро ин омил нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардорад.
Страница 1 из 61







