ТОҶӢ УСМОН

12-уми июни соли 1906 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Нависанда ва рӯзноманигор. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1933 баъди хатми Донишгоҳи коммунистии шаҳри Самарқанд дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба ҳайси мудири шӯъба оғоз ёфт.

Як сол муҳаррири рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» («Ҳақиқати Суғд»-и кунунӣ) буд (1934). Солҳои 1937-39 котиби комитети ҳизбии шаҳри Ленинобод, солҳои 1946-53 муовини муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», аз соли 1953 дарозои 8 сол котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак» буд. Соли 1967 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР қабул гардид. Соли 1961 ба нафақа баромад. Ҳикоёташ дар маҷмӯаи «Кашфи асрор» (1958) гирд оварда шудааст.

Қиссаи «Духтари ниқобдор» соли 1965 ба табъ расид. Дар асарҳояш «Муборакқадам» (1966, якҷоя бо М.Ашӯрмамадов), «Лаънаткардаи халқ» (1967) дар мавзӯъҳои таърихӣ иншо шудаанд. «23 шоира» (1953), «Баргузидаи назми тоҷик» (1960), «Шоира Маҳастӣ» (1963) ва ғайра осори адабиётшиносии ӯст. Дорандаи ордени Нишони Фахрӣ, медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аст. Тоҷӣ Усмон 23-юми октябри соли 1968 дар зодгоҳаш фавтидааст.